Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кобул хостори кӯмаки бештар барои маҳви кишти кӯкнор шуд


Раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, Русия, Тоҷикистон ва Покистон. Акс аз бойгонӣ.

Раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, Русия, Тоҷикистон ва Покистон. Акс аз бойгонӣ.

Вазири мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон нақши ҷомеаи ҷаҳониро дар мубориза бо кишти кӯкнорро муҳим хонд ва гуфт, бидуни ҳамкории Ғарб ҳалли ин мушкил сахт хоҳад буд.

Зарор Аҳмад Муқбил Усмонӣ мегӯяд, ба ҳамин далел стротежӣ ва барномаҳои ин вазоратро бознигарӣ карда ва ҷиҳати ҷалби кӯмаки молӣ ба намояндагони ҷомеаи ҷаҳонӣ супурдаанд. Зарор Аҳмад Усмонӣ, рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарие дар Кобул гуфт, бе кӯмаку таваҷҷӯҳи кишварҳои хориҷӣ, ҳукумати Афғонистон қодир ба муборизаи муассир бо кишти кӯкнор ва қочоқи маводи мухаддир нест:

“Бояд дунё дар арсаи мубориза бо маводи мухаддир ба мо кӯмак кунад, то мо битавонем ба аҳдофе, ки таъйин кардем, бирасем. Дар ғайри аз ин мушкилоти мо ҷиддӣ хоҳад буд. Мубориза бо маводи мухаддир танҳо кори Афғонистон нест, зеро танҳо 5 фисад аз маводи мухаддир дар дохил масраф мешавад, 95 дар сади дигар берун меравад. Биноан мо бояд якҷо кор кунем, то битавонем ба натиҷа бирасем.”

Вазири мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон айни замон аз ниҳодҳои амниятии ин кишвар низ хост, то барои боздошти қочоқбарони бузург талош кунанд. Мақомоти Афғонистонро интиқод мекунанд, ки дар боздошти қочоқбарони бузург ва маҳви корхонаҳои тавлиди ҳероин дасти кӯтоҳ дорад. Теъдоде аз коршиносони афғон бар ин боваранд, то замоне, ки худи вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон барномаву сиёсатҳояшро дуруст амалӣ накунад, кишту кӯкнору қочоқи маводи муххадир кам нахоҳад шуд.

Генерал Худойдод, вазири пешини мубориза бо маводи мухаддир дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Агар вазорати мубориза бо маводи мухаддир, давлати Афғонистон, вазорати дохила, вазоратҳои дигар ба шумули кишварҳои хориҷӣ ва хусусан Амрикову, Бритониё ва Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои ҳамсоя мустақиман бо кишту қочоқи маводи мухаддир мубориза накунанд, фасоди идориро кам насозанд, амниятро беҳбуд набахшанд ва Афғонистон ба тарафи субот наравад, дар иҷрои стротежии мубориза бо маводи мухаддир ноком мешаванд.”

Вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон дар ҳоле аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозои кӯмак мекунад, ки бино ба гузориши ахири Созмони Милал, кишти кӯкнор дар Афғонистон афзоиш ёфтааст. Дар ин гузориш омадааст, ки соли саввум аст, ки майдонҳои кишти кӯкнор дар ин кишвар васеътар мешаванд. Худи вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон, низ гуфтааст, ба тахмини онҳо имсол дар 157 ҳазор гектар кӯкнор кишт шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 3 ҳазор гектар бештар аст.

Ба гуфтаи Созмони Милал, кишти кӯкнор дар ҷануби Афғонистон ва дар манотиқи таҳти нуфузи Толибон ривоҷ дорад. Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи тӯлонии 1300 километрӣ дорад, яке аз роҳҳои аслии қочоқи маводи мухаддири афғонӣ маҳсуб мешавад. Аз ҷумла рӯзи панҷшанбе мақомоти Русия гуфтанд, аз қатори Душанбе-Маскав, 80 кило маводи мухаддир ба шумули ҳероин пайдо карда ва гирифтаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG