Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 июн – бозии дӯстонаи дастаҳои Тоҷикистон ва Афғонистон


Федеросиюнҳои футболи Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои мунтахаби миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Ба итилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ин бозии дӯстона рӯзи 4-уми июн соати 17 дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор хоҳад шуд.

Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон мураббиён Мубин Эргашев (сармураббии “Хуҷанд”-и Хуҷанд) ва Салоҳиддин Ғафуров (сармураббии “Вахш”-и Қӯрғонтеппа) раҳбарӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки футболбозони тоҷику афғон се бор бо ҳам рақобат кардаанд ва дар ҳарсе бозӣ мунтахаби Тоҷикистон пирӯз шудааст.

Натоиҷи бозиҳои дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Афғонистон чунин аст:

9-уми ноябри соли 2005 – Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Нӯъмонҷон Ҳакимов, 28, 31, Хуршед Маҳмудов, 45+1, Алиёр Ашӯрмамадов, 67).

3-юми августи соли 2008 – Ҷоми даъвати АФК-2008. Давраи ниҳоӣ. Ҳайдаробод, Ҳиндустон. Тоҷикистон – Афғонистон – 4:0 (Юсуф Рабиев, 14, 44, 56, Даврон Тухтасунов, 39).

17-уми ноябри соли 2010 – Бозии дӯстона. Душанбе. Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0 (Фаррух Чориев, 33).

Дар рейтинги ФИФА мунтахаби Тоҷикистон дар ҷойи 112-ум, тими миллии Афғонистон дар ҷойи140-ум қарор доранд
XS
SM
MD
LG