Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тибқи маълумоти расмии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати федероли Русия, беш аз 1,1 миллион муҳоҷири тоҷик дар он кишвар ба сар мебаранд. танҳо тариқи барномаи ба таври ихтиёрӣ кӯчонидани ҳамватанони бурунмарзӣ, дар 5 соли ахир аз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 3,5 ҳазор нафар кӯч бастанд.

Насиба Нурматова-сокини шаҳри Турсунзода модари 3 фарзанд аст. Шавҳараш то муҳоҷират ба Русия дар корхонаи алюмини шаҳри Турсунзода кор мекард ва ба бемории захми меъда гирифтор шуда буд. Шароити сахту душвори кор дар сохтмонҳо вайро аз пой афтонд ва вай ба парастор эҳтиёҷ пайдо кард.

Насиба-ҳамсари дилсӯз кори омӯзгори забони англисӣ дар коллеҷи шаҳри Турсунзодаро канор гузошт ва ба кӯмаки шавҳари бемораш ба вилояти Новгороди Русия шитофт. Се фарзандаш ҳам акнун аз падару модар дур монда буданд.

Хонум Нурматова дар сӯҳбат гуфт: “Ман муаллимаи забони англисӣ ҳастам, вале дар Русия аз рӯи ихтисосам кор карда наметавонам. Ҳоло ошпаз мебошам. Духтари калониам дар курси якуми факултети ҳуқуқшиносӣ мехонад. Духтари дуввумам дар коллеҷи инженериву дизайн мехонад.

Озодӣ: Оё омадани шумо ба Русия барои фарзандонатон ҳам ёрдам кард?

Нурматова: Албатта ёрдам кард. Падари фарзандонам ба ин ҷо омаданд, ки пул кор карда дар шаҳри Турсунзода хона харанд. Вале афсӯс, ки саломатиашон бад шуд. Ман он вақт дар коллеҷи шаҳри Турсунзода муаллимаи англисӣ будам. Баъд аз тамом шудани соли таҳсил ба назди падари фарзандонам омадам. Чунки ба бемор ёрдам даркор буд. Худам кор ҷустуҷӯ карда пул ёфта он касро табобат мекардам. Маҷбур шудам, ки фарзандонамро биёрам. Падарашон захми меъда доштанд. Ҷарроҳӣ шуданд, роҳ рафта наметавонистанд. Фарзандонам духтар. Духтаронро дар Турсунзода танҳо гузоштану омадан барои ман азоб буд.Рафтаму гирифта омадам. Дар ин ҷо маҷбур онҳоро ба хондан мондам. Аз фарзандонам ҳоло розӣ ҳастам. Инсон дар ҳар ҷо, ки бошад, ҳама чиз ба худаш вобаста. Дар ҳар ҷо, ки бошӣ аз ҳамон вазъият баромадан лозим. Баъди ду соли омаданам, дар ин ҷо падари фарзандонам вафот карданд... (Гиря гулӯгир мекунад)

Озодӣ: Ҳоло зиндагӣ бо фарзандонатон дар ин ҷо чӣ тавр аст?

Нурматова: Ҳозир худоро шукр хуб аст... Лекин саломатии худам каме вазнин. Баъди вафоти падар бо се фарзанд танҳо мондам, ба касали нервоз (асаб) дучор шудам. Кам-кам азоб медиҳад.

Озодӣ: Шумо шаҳрвандии Русияро доред?

Нурматова: Не, надорам.

Озодӣ: Барои ҳамин ба шумо аз рӯи ихтисосатон кор надоданд ё ягон сабаби дигар ҳаст?

Нурматова: Аз рӯи ихтисос зиёд кор ёфтам, вале шаҳрвандӣ надорам. Мушкилиҳои зиёде дидам. Ҳозир худоро шукр фарзандом калон шуданд. Пагоҳ духтари хурдиам 18 сола мешавад. Духтари калониам 19 сола. 31 май писарам 16 сола мешавад. Онҳо калон шудаанд, ҳам мехонанд, ҳам кор мекунанд.

Озодӣ: Акнун мақсадатон чӣ аст, фарзандон, ки мактабу донишгоҳро тамом карданд, ба Турсунзода бармегардед ё бо онҳо дар ҳамин ҷо мемонед?

Нурматова: Медонед..., ҳар кас тақдири худашро худаш муайян мекунад, лекин агар ба ман вобаста бошад, ман мехоҳам, ки бо ҳамин дониши хубе, ки фарзандони ман доранд, баъди тамом кардан дар ватани худашон кор кунанд. Ақаллан ягон зарра ёрдамашон ба ватану ба халқи худашон мерасидагист.

Озодӣ: Шумо гуфтед, ки соли 2006 ба Новгород омадаед. Чаро то ҳол шаҳрвандӣ нагирифтед. Агар шаҳрвандӣ мегирифтед, аз рӯи ихтисос кор меёфтед, соҳиби имтиёзҳои шаҳрвандӣ мешудед. Таҳсили фарзандонатон бепул мешуд. Чаро шаҳрвандӣ нагирифтед?

Нурматова: Бале, таҳсил бепул нест. Соли 2006 омадам, соли 2008 падари фарзандонам аз олам гузаштанд ва дар давоми ҳамон ду сол он кас намехостанд, ки шаҳрвандӣ гирам, мегуфтанд, ки сиҳат шаванд ба Тоҷикистон бармегардем. Мегуфтанд, ки Тоҷикистонро тарк намекунем, баргашта меравем. Вале..., соли 2008 бо се фарзанд худам танҳо мондам.

Озодӣ: Ҳозир гуфта метавонем, ки шумо ҷои падарро гирифтед ва тарбияи фарзандонро мустақилона бар уҳда доред?

Нурматова: Бале...., бале, ҳам падар ҳастам ва ҳам модар... Дар шаҳри Санкт-Петербург агар тоҷиконро бинам, чӣ қадар хурсанд мешавам. Инро ман худам медонам дар таҳти дилам. Оллоҳ таоллоҳ медонад. Нури дидаи одамони мо дигар аст. Аз чеҳраашон маълум аст, ки барои кор омадаанд.

Озодӣ: Шумо бо бачаҳоятон зуд-зуд ба Турсунзода рафта меоед?

Нурматова: Ҳар ду сол меравам. Вале ҳамаамон якбора наметавонем.

Озодӣ: Роҳ дур аст, шояд пули зиёд даркор аст?

Нурматова: Бале, бале. Ана барои ҳамин наметавонем рафтан.

Озодӣ: Гуфтед, ки агар бачаҳо таҳсилро тамом кунанд ба Тоҷикистон бармегардед?

Нурматова: Худо насиб кунад, нияти баргаштан дорам, агар фарзандонам дар ин ҷо мемонем нагӯянд, барои он ки маблағ надорем. Алҳол фарзандонамро калон карда гаштаам. Худам медонаму худо.

Озодӣ: Пуле, ки барои таҳсили фарзандон ва рӯзгор зарур аст мерасад?

Нурматова: Албатта, “ҳа” гуфта наметавонам. Медонед, се фарзанд 16, 18, 19 соларо хӯрондану пӯшондан, пули таҳсилу иҷораро додан даркор. Худи фарзандонам ҳам кор мекунанд, бо вуҷуди ин гуфта наметавонанм, ки кифоят мекунад. Бо ҳамин ҳам шукри худо мекунам. Бо хешу табори падарашон ҳам алоқаамон канда нест. Амакаш ҳар вақт занг мезананд. Омада хабар мегиранд, имкон дошта бошанд ёрдам мекунанд. Ман ҳеҷ вақт нолиш намекунам. Ин тақдири инсон аст...

ОИЛАҲО БАРОИ ОЯНДАИ ФАРЗАНДОН РУСИЯ МЕРАВАНД

Зиндагӣ ва сарнавишти Насиба Нурматова омӯзгори забони англисӣ шояд танҳо намунае аз зиндагии хонаводаҳои тоҷик дар Русия нест. Шояд садҳо ва ё ҳазорон нафари дигар низ ҳастанд, ки дар манотиқи мухталифи Русия ба ҳамин сарнавишт дучоранд. Гулнора Ҳасанова-раҳбари созмони занони шаҳри Санкт-Петербург мегӯяд, ононе, ки берун аз ихтисос кор мекунанд дар шаҳри онҳо зиёданд: “Ин намунаҳо зиёданд. Духтуроне ҳастанд, ки ҳоло дар сохтмон кор мекунанд ё ронанда ҳастанд. Аз рӯи ихтисоси худ кор карда наметавонанд. Вақте, ки одам муҳоҷират кард, бояд пешакӣ нақшаи худро кашад, ки чанд сол дар муҳоҷират кор мекунад ва чанд сол қувваташ мерасад”.

Баъзе волидон барои таҳсили ояндаи фарзандонашон оилавӣ ба Русия кӯч бастаанд. Агар фарзандони онҳо дар Русия мактаби миёнаро хатм кунанд, ба онҳо санади “Вид на жительство» ё ҳақи иқомат медиҳанд ва онҳо метавонанд таҳсилро дар донишгоҳҳои Русия давом диҳанд. Гузашта аз ин, фарзандони муҳоҷирон дар давраи таҳсил дар мактаб бо хадамоти ройгони тиббӣ фаро гирифта мешаванд. Гоҳо Хадамоти муҳоҷирати Русия аз тафтиши санади иқомати волидони фарзандоне, ки дар мактаб ва донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, сарфи назар менамоянд. Хадамот дар ин маврид мушкилиҳои демографии Русияро дар назар мегиранд ва муҳоҷиронро яке аз сарчашмаҳои ҳали мушкили демографии худ медонанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Русия ҳар сол шумораи бештари занони кишварҳои Шӯравии пешин бо фарзандонашон ба Русия мераванд ва дар ин маълумот омадааст, ки занон 14 дарсади муҳоҷирони кории хориҷиро ташкил медиҳанд. Вале коршиносон шумораи онҳоро 30 дарсад тахмин мезананд. Онҳо бештар дар бахшҳои тиҷорат, хидматрасонӣ, таъмир ва дар сохтмонҳо кор мекунанд. Занон аз Қирғизистону Узбакистон ва Украина зиёданд. Занони коргар аз Тоҷикистон камтаранд. Аз занони муҳоҷир, ки бо ханаводаҳояшон ба Русия рафтаанд, танҳо 20 дарсадашон кор мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG