Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама ва Эрдуғон низои Сурияро баррасӣ мекунанд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи панҷшанбе бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, дар мулоқот дар Кохи Сафед, низоъ дар Сурияро баррасӣ мекунанд. Мулоқот чанд рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки Туркия ду бомбгузории маргбор дар қаламравашро кори дасти хадамоти ҷосусии Сурия хонд. Интизор меравад, ки Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар ин мулоқот хостори иқдомоти бештар барои аз қудрат барканор кардани Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия шавад. Вашингтон мехоҳад, Туркия ҳам аз баргузории конфронси сулҳ дар Сурия ҳимоят кунад, ки чанде пеш Русияву Амрико пешниҳод карданд. Дар мулоқоти Обама ва Эрдуғон ҳамчунин масъалаи эҳёи музокироти сулҳ дар Ховари Миёна, ҳамкориҳои энержии Туркияву Курдистони Ироқ баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG