Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиш дар масири корвони НАТО дар Кобул 8 танро кушт


Таркиши як мошини бамбгузоришуда дар масири ҳаракати корвони НАТО дар Кобул рӯзи панҷшанбе сабаби марги ҳашт шаҳрванд, аз ҷумла ду кӯдак шуд.

НАТО ҳанӯз дар хусуси талафоти эҳтимолии низомиён дар ин таркиш чизе нагуфтааст.

Ба гузориши хабаргузории Франс-пресс ба нақл аз сухангӯи пулиси Кобул, ин мошини бамбгузоришуда соати ҳудуди ҳашти субҳ ба вақти маҳаллии Афғонистон, дар масири корвони мошинҳои нерӯҳои хориҷӣ, ки дар минтақаи аҳолинишини Шоҳ Шаҳид, дар ҷануб-шарқи Кобул дар ҳаракат буданд, мунфаҷир шуд. Ба гуфтаи яке аз мақомҳои вазорати тандурустии Афғонистон, марги ҳашт тан, аз ҷумла ду кӯдаки шаш ва даҳ сола ва маҷруҳ шудани 37 тан аз шаҳрвандон то кунун таъйид шудааст. Ҳизби исломии Афғонистон масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

Ин таркиш дар ҳоле рух дод, ки охирин ҳамлаи ҷиддӣ дар Кобул, ҳудуди як моҳ қабл ва дар замони ҳузури Чак Ҳагел, вазири дифои Амрико рух дод, ки дар ҷараёни он як бамбгузори интиҳорӣ бо тарконидани худ дар хориҷ аз қароргоҳи вазорати дифоъ, 9 танро кушт. Яке аз сухангӯёни НАТО бидуни эъломи маҷруҳон ва талафоти эҳтимолии нерӯҳои эътилофӣ дар асари таркиши рӯзи панҷшанбе, таъйид кардаааст, ки ҳадафи ҳамла нерӯҳои НАТО будаанд.


Зубайр Сиддиқӣ, сухангӯи Ҳизби Исломӣ дар гуфтугӯи телефонӣ бо хабаргузории Франс-пресс масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифта ва гуфтааст, ки дар асари ин таркиш 10 сарбози нерӯҳои хориҷӣ кушта ва ду худрави низомӣ тахриб шудаанд. Ҳизби исломӣ аз сӯи Гулбуддин Ҳикматёр, нахуствазири пешини Афғонистон ва яке аз раҳбарони муҷоҳиддин дар замони набард бо нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравии пешин, раҳбарӣ мешавад. Ин гуруҳ бештар дар шарқи Афғонистон фаъолият мекунад.

Ҳамла алайҳи нерӯҳои НАТО дар ҳоле рух додааст, ки рӯзи сешанбе таркиши як бамби канори роҳӣ дар Қандаҳор, сабаби марги се сарбози амрикоӣ шуд ва як рӯз пеш аз ин низ як ҳамлавари интиҳорӣ се сарбози гурҷиро дар вилояти Ҳилманд кушт. Тамоми нерӯҳои НАТО то поёни соли 2013 ба маъмурияти худ дар Афғонистон поён хоҳанд дод ва хуруҷи сад ҳазор нерӯи хориҷӣ аз Афғонистон аз ҳоло шуруъ шудааст.
XS
SM
MD
LG