Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳургарони қирғиз кори ширкати чиниро боздоштанд


Рӯзи панҷшанбе садҳо нафар аз тазоҳургарони қирғиз монеъи кори ширкати чинии Каиди дар як кони тилло дар ҷануби ин кишвар шудаанд. Мақомоти расмӣ 150 маъмури пулисро ба рустои Чон-Алай фиристодаанд, то аз нооромӣ ҷилавгирӣ кунанд. Қосимбек Абдулдоев, вакили маҷлиси маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди оғози тазоҳурот мақомот тасмим гирифтанд, ки кори ширкат дар кони тилло боздошта шавад. Ширкати Каиди 9 моҳ пеш корашро ба ҳамин далел муттавақиф карда ва рӯзи панҷшанбе аз сар гирифта буд. Тазоҳургарони қирғиз мехоҳанд, ширкатҳои хориҷӣ дар истихроҷи маъданҳои табии кишварашон ҳузур надошта бошанд.
XS
SM
MD
LG