Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Депардйе дар Чеченистон ду филм мегирад


Жерар Депардйе, ҳунарпешаи шинохтаи фаронсавӣ, қасд дорад, дар Чеченистон ду филм ба навор бигирад. Ҳукумати Чеченистон рӯзи чаҳоршанбе бо нашри баёнияе гуфт, Депардйе дар филме бо номи “Фирӯза” нақши авбошро иҷро хоҳад кард. Авлӣ Каримов, сухангӯи Рамазон Қодиров гуфт, ки ҳар ду филм дар Чеченистон ва Маскав ба навор гирифта мешаванд ва ин гуфта, ки ҳунарпешаи шинохта ҳамчунин дар филме нақши Аҳмад Қодиров, падари Рамазон Қодировро иҷро хоҳад кард, воқеият надорад. Рамазон Қодировро ба нақзи ҳуқуқи мардум муттаҳам мекунанд. Жерар Депардйе, баъди гирифтани ҳаққи шаҳрвандии Русия моҳи феврал ба Чеченистон рафт ва аз Рамазон Қодиров як хонаи боҳашамате ҳадя гирифт.
XS
SM
MD
LG