Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ шоҳиди як бомбгузории дигар шуд


Ба думболи бомбгузориҳои хунин, Ироқ рӯзи панҷшанбе шоҳиди ҳамлаи дигаре шуд. Бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар шаҳраки шиъанишини Садри Бағдод дасти кам як нафар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Рӯзи чаҳоршанбе дар силсилаи бомбгузориҳо дар маҳаллаҳои шиъанишини Бағдод ва шимоли Ироқ бештар аз 30 нафар ҷон доданд. Ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегирад, танишҳо миёни сунниҳо ва ҳукумати ба раҳбарии шиъаён дар Ироқ авҷ гирифтааст. Сунниҳо, ки дар Ироқ аққалият ҳастанд, мегӯянд, ҳукумати Нурӣ ал-Моликӣ ҳуқуқи онҳоро нодида мегирад ва ё онҳоро табъиз мекунад. Касе масъулияти бомбгузориҳои ахир дар Ироқро бар дӯш нагирифтааст, вале ҳамлаҳои шабеҳ дар гузаштаро кори дасти Ал-Қоида хондаанд.
XS
SM
MD
LG