Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе


Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Исфара, рӯзи 4-уми майи соли 2013. Акс аз бойгонӣ.
Мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Исфара, рӯзи 4-уми майи соли 2013. Акс аз бойгонӣ.

Музокироти ҳайатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи панҷшанбе дар Душанбе оғоз ба кор кард.

Дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 16-уми май ба "Озодӣ" гуфт, ки гуфтушуниди ҳайати байниҳукуматии Бишкеку Душанбе дар меҳмонхонаи "Ҳайат Реҷенсӣ" оғоз шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳайати намояндагони вазорату ниҳодҳои Қирғизистонро дар ин гуфтугӯҳо вазири нақлиёт ва мухобироти ин кишвар Каликбек Султанов ва ҷониби Тоҷикистонрон вазири нақлиёт Низом Ҳакимов раҳбарӣ менамоянд.

Дар назар аст, дар ин мулоқот масоили марбут ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ташхису аломатгузории хутути марзҳои муштарак, роҳҳои беҳбуд бахшидани амният дар манотиқи марзӣ, ба вижа дар Ботканду Исфара, мавриди гуфтгӯи дуҷониб қарор дода шавад.

Ҳамчунин ҳайати дуҷониба панҷ санади байнидавлатие, ки дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек ба имзо хоҳанд расид, омода хоҳанд кард. Президенти Тоҷикистон рӯзҳои 27 ва 29 май тайи як сафари расмии дурӯза ба Қирғизистон хоҳад рафт.

Музокироти миёни мақомоти ду кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи шанбеи 27-уми апрели соли равон миёни сокинони минтақаҳои марзии Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон, муноқиша бархост. Тибқи иттилои Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ, ҳодиса дар деҳаи Тангии Чоркӯҳ, дар 45–километрии Бодканд ва 31-километрии Чоркӯҳ, бар сари истифода ва назорати роҳи мошингард, сурат гирифт.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ ҷониби Қирғизистон мехост дар ин минтақаи баҳсӣ роҳи нав бунёд кунад ва ин боиси норозигии сокинони Воруху Хоҷаи аъло ва сангандозиву занозаниҳо шуд. Дар даргирӣ байни ду тараф чанд нафар захмҳои сабук бардоштаанд, вале асосан аз зарби санг ё мушту лагат.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 59 дарсад ё 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Қирғизистон аз он кишварҳои Осиёи Миёна аст, ки бо Тоҷикистон муносибати хеле хуб дорад ва низоми равуои шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар бевиза ва нисбатан озодона сурат мегирад. Ҳарчанд дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ва ҷазирақаламравҳои миёни сокинон Суғду Бодканд гоҳу ногоҳ муноқишаҳое бар сари истифода аз обу замин рух медиҳад. Мақомоти ин ду кишвар соли 2002 ба марзбандии байни кишварҳо оғоз кардаанд, вале печидагии хатти марз ва вуҷуди даҳҳо ҷазирақаламрав ҷараёни онро суст кардааст.
XS
SM
MD
LG