Пайвандҳои дастрасӣ

Мавқеи Тоҷикистон дар бораи "ҳукми қатл" ниҳоӣ нашудааст


Тоҷикистон ҳанӯз мавқеи ниҳоӣ дар мавриди лағви «ҳукми қатл»-ро мушаххас накардааст. Шоми рӯзи чаҳоршанбеи 16-уми май Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо узви Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл Рут Дрейфус мулоқот кард. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 16-уми май ба "Озодӣ" гуфт, ки дар ин мулоқот омодагиҳои Тоҷикистон дар мавриди лағви ҳукми қатл дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла президенти Тоҷикистон ба фаъолияти гуруҳи кории ҳуқуқшиносон дар мавриди омӯзиши шароти лағви ҳукми қатл дар Тоҷикистон ишора кардааст. Тайи се сол, шуруъ аз моҳи апрели соли 2010 ба ин сӯ гуруҳи корӣ фаъолият дорад ва оқои Раҳмон таъкид кардааст, ки давлати Тоҷикистон мавқеи ниҳоии худро доир ба ин масъала дар асоси хулосаҳои ин гурӯҳ, ки бо назардошти афкори ҷомеа ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бароварда мешавад, муайян хоҳад кард.

Ба иттилои Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар ин кишвар татбиқи ҳукми қатл дар солҳои 1998 ва 2003 хеле маҳдуд гардида, аз соли 2004 ба ин тараф моротория эълон карда шуд. Аз соли 2004 то имрӯз дар Тоҷикистон ҳукми қатл умуман таъин ва татбиқ нашудааст. Аз моҳи марти соли 2005 дар ивази ҳукми қатл ҷазои абадии якумра маҳрум намудан аз озодӣ таъин карда шуд
XS
SM
MD
LG