Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишони тиллои Дилшод Назаров дар Бразилия


Дилшод Назаров, варзишгари тоҷик.
Дилшод Назаров, варзишгари тоҷик.

Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи «IAAF World Challenge» дар шаҳри Белеми Бразилия медали тилло ба даст овард.

Ин мусобиқа бахше аз силсилаи сабқатҳои Ҷоми даъвати ҷаҳонии варзиши сабук - Grande Premio Brasil Caixa de Atletismo ба шумор меравад. Вай гурзро ба дурии 78 метру 49 сантиметр андохтааст.

Дар ин мусобиқа Лукаш Мелих (Ҷумҳурии Чех) бо натиҷаи 77,49 м соҳиби медали нуқра ва Симон Сиолковски (Лаҳистон) бо натиҷаи 77,20 м барандаи медали биринҷӣ гардиданд.

Бояд гуфт, ки ин мусобиқа барои гурзандози тоҷик дар мавсими имсола дувум буд. Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров рӯзи 5-уми май дар мусобиқоти байналмилалии Seiko Golden Grand Prix дар Токиои Ҷопон бо натиҷаи 77 метру 61 сантиметр сазовори ҷои дувум шуда буд.

Иттиҳодияи байналмилалии варзиши сабук мусобиқоти Grand Prix-ашро аз соли 2009 ба ин сӯ доир мекунад. Ҷоми даъвати ин иттиҳодияи варзишӣ дар маҷмӯъ аз 16 сабқат иборат аст.

Дилшод Назаров аз хушномтарин ситораҳои варзиши тоҷик ба шумор меравад ва шарафи Тоҷикистонро дар се Олимпиадаи ахири тобистона (Афина -2004, Пекин-2008 ва Лондон -2012) ҳимоят кардааст. Ӯ моҳи марти соли равон барои бори дувум раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд.
Дилшод Назаров 6-уми майи соли 1982 дар Душанбе ба дунё омадааст. Корномаи ин варзишгари маъруфи тоҷик дар гурзандозӣ чунин аст:

Ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003).

Ҷойи 2-юм дар Бозиҳои Африқоиву Осиёӣ (Ҳиндустон, 2003).

Ғолиби Бозиҳои I кишварҳои исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005).

Ҷойҳои 2-юм дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё (Кореяи Ҷанубӣ, 2005, Урдун, 2007).
Қаҳрамони Осиё (Чин, 2009).

Ғолиби дукаратаи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар (2006) ва Чин (2010)

Ширкаткунандаи Бозиҳои олимпӣ дар Афина (2004), Пекин (2008) ва Лондон (2012).

Ғолиб ва ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалӣ (2009-2013).
XS
SM
MD
LG