Пайвандҳои дастрасӣ

Имрон Хон мехоҳад бо Толибон музокирот кунад


Имрон Хон

Имрон Хон

Тибқи гузоришҳои расида ҳизби сиёсии зери раҳбарии собиқ крикетбоз Имрон Хон тасмим гирифтааст, дар сурати тасарруфи шӯрои вилоятии Хайбар Пахтунхво, Толибонро фавран ба музокирот даъват намояд.

Дар интихоботи рӯзи шанбеи гузашта ҳизби таҳрики инсоф дар вилояти Хайрбар Пахтунхво дастболо шудааст.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ намояндагони ин ҳизб гуфтанд, раҳбари онҳо-Имрон Хон пешниҳод кардааст, ки як рӯз пас аз таъсиси ҳукумати вилоят музокирот бо Толибон раҳандозӣ шавад.

Дар ҳисоби умумии интихоботи Покистон ҳизби таҳрики инсоф дар ҷои сеюм қарор дорад. Толибон интихоботро маъракаи ғайриисломӣ унвон дода, дар овоздиҳӣ иштирок накардаанд.
XS
SM
MD
LG