Пайвандҳои дастрасӣ

Худойназар Асозода


Профессор Худойназар Асозода, адабиётшинос, шарқшинос, мунаққид, доктори илмҳои филологӣ. 25 декабри соли 1941 дар деҳаи Момайии ноҳияи Балҷувон ба дунё омадааст. Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ва ДДТ-ро хатм кардааст. Ба ҳайси муаллими мактаби миёна дар ноҳияи Колхозобод, лаборанти калони кафедраи забонии тоҷикии ДДТ, аспиранти кафедраи адабиёти шӯравии тоҷики ДДТ, тарҷумон дар Афғонистон кор кардааст. Баъди дифои рисолаи номзадӣ дар мавзӯи «Синфи коргар дар адабиёти советии тоҷик» фаъолиятро дар донишгоҳи мазкур идома додаст. Докторанти Институти шарқшиносии АИ ИҶШС буд. Баъдан вазифаҳои муовини аввали ректори донишкадаи забонҳои Тоҷикистон (1992-93), мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДТ (1993-96) , декани факултаи филологияи ДДМТ (1996-99), мудири кафедраи забонҳои Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (1999-2004), ректори ДДОТ (2005-2008)- ро ба уҳда дошт. Ҳоло профессори ДМТ. Муаллифи беш аз сӣ асари илмист. Ахиран дар факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Махзани адабии профессор Худойназар Асозода ташкил ёфт. Адабиётшиноси маъруфи тоҷик 5 ҳазор нусха китоб аз китобхонаи шахсиашро ба китобхонаи факулта тақдим намуд, ки миёни онҳо китоби «Муаллим» низ ҳаст. Ин китоб маҳсули заҳмати маорифпарваронест, ки дар солҳои 40-ум бо мақсади маҳви бесаводӣ ба нашр расониданд.
XS
SM
MD
LG