Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Кан бузургтарин ҷашнвораи филм ифтитоҳ меёбад


Рӯзи чоршанбе дар шаҳри соҳилии Кани Фаронса бузургтарин ҷашнвораи ҷаҳонии филм оғоз ёфт.

Имсол дар расми ифтитоҳ филми “Гатсбии бузург” "The Great Gatsby" намоиш дода мешавад, ки бар пояи асари Скот Фиҷералд таҳия шуда, нақшҳои асосии онро ҳунармандон Леонардо ди Каприо ва Кейрӣ Малиган бозидаанд.

Ҷашнвораи Кан 12 рӯз давом карда, дар он барои ҷоизаи асосӣ ё худ шохаи нахли тилоӣ-Palme D'Or 20 филми 10 кишвар сабқат хоҳанд кард.

Раҳбари ҳайати доваронро коргардони маъруфи амрикоӣ Стивен Спилберг бар дӯш дорад.
XS
SM
MD
LG