Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Остона муҳокимаи исломгароҳо шурӯъ шуд


Дар шаҳри Остона муҳокимаи шаш фарди муттаҳам бо ифротгароии исломӣ оғоз ёфт.

Додситонии Қазоқистон ин муттаҳамҳоро бо ташкили гурӯҳи террористӣ, ғорат, тарҳрезии куштори афсари полис, ходимони амниятӣ ва мансабдорони баландпояи давлатӣ айбдор мекунад.

Рӯзи чоршанбе дар мурофиа додситон иброз дошт, ки ҳадафи ин гурӯҳ бунёди хилофати исломӣ дар қаламрави Қазоқистон будааст. Ӯ ҳамчунон таъкид кард, ки гурӯҳ мехост бинои театри опера ва балети Остонаро тарконида, ба ошӯбгарони исломии Қафқози шимолии Русия кумаки молӣ ирсол намояд.
XS
SM
MD
LG