Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрд ба эътирозҳо - намунаи бархӯрд ба ҳуқуқи инсон?


Эътирози тоҷирон дар бозори "Сомон"-и Хуҷанд. 24 феврали соли 2013
Эътирози тоҷирон дар бозори "Сомон"-и Хуҷанд. 24 феврали соли 2013

Тазоҳуроту раҳпаймоии шаҳрвандон ва бархӯрд ба чунин эътирозҳо барҷастатарин намунаи таносуб миёни суботу амният ва ҳуқуқи инсон аст.

Ин андеша дар қатори даҳҳо хулосаи муҳим дар ҳамоиши байналмилалии «Шеваҳои таъмини амният дар шароити хатарҳои ҷаҳонӣ бо назардошти риояти ҳуқуқи инсон» дар Душанбе садо дод. Гурӯҳҳои террористӣ, шабакаҳои байналмилалии қочоқбар, кишварҳои дар ҳоли ҷанг, гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ низ таҳдид ба суботу амният номида шуданд, аммо ин ҳам гуфта шуд, ки наздиктарин роҳ ба нооромӣ дар як кишвар метавонад аз бархӯрди мақомот ба тазоҳуркунандагон оғоз ёбад.

Дар ин ҳамоиш бо ширкати намояндагони пулиси кишварҳои ИДМ ва Болтик, сардори раёсати кадрҳои пулиси Олмон Энклинг Герд гуфт, дар кишвараш барои баргузор кардани тазоҳурот иҷозат гирифтан зарур нест: «Баргузор кардани тазоҳурот ҳаққи конститутсионии ҳар шаҳрванди Олмон аст. Мақомоти пулис ба ҳеҷ ваҷҳ ҳаққи пароканда кардани тазоҳуротро надоранд. Онҳо танҳо дар ҳолате метавонанд дахолат кунанд, ки тазоҳуротчиён ба майдон силоҳ ворид кунанд ваё гирдиҳамоӣ ба бетартибӣ табдил шавад.»


Эрклинг Герд
Эрклинг Герд
Ишораи ҷаноби Герд ба инки полис пеш аз ҳама бояд бо эҳтиёти тамом амнияти тазоҳуркунандагонро таъмин намояд, лабханди бархе аз ширкаткунандагони ҳамоишро овард. Ҳарчанд дар Тоҷикистон низ Қонуни асосӣ ба шаҳрвандон ҳаққи баргузории тазоҳурот ва раҳпаймоиҳоро медиҳад, нерӯҳои умури дохилӣ пеш аз ҳама вазифадоранд, онҳоро пароканда кунанд.

Як сабаб ин аст, ки, ба пиндори аксарият, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз “митингбозиҳо” сар шуд. Ин андеша дар зеҳни мардум нақш бастааст, ки ҳамагуна гирдиҳамоӣ боиси беназмӣ ва хунрезӣ мешавад. Мансабдорони давлатӣ низ бо истифода аз «синдроми ҷанги шаҳрвандӣ» мардумро ҳамеша тарс медиҳанд, ки барпо кардани ҳама гуна гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот маънои ба ҷанг кашидани кишварро дорад.

Аммо муовини сардори Академияи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Карим Солиев мегӯяд, кормандони милиса иҷрокунандаи қонун ҳастанд ва дар сурати қонунӣ будани гирдиҳамоӣ монеъи барпо шудани он намешаванд: «Кормандони вазорати корҳои дохилӣ барои он гирдиҳамоиҳоро пароканда мекунанд, ки он ғайриқонунӣ аст ва мақомоти маҳҳалӣ барои барпо шудани он иҷоза надодааст. Иҷозаи баргузор шудани тазоҳуроту гирдиҳамоиро мақомоти маҳҳалӣ медиҳанд. Агар сокинон иҷозаи баргузор кардани тазоҳуротро дошта бошанд, мақомоти милиса баръакс онҳоро дар тазоҳурот ҳимоя мекунанд.» Ҷаноби Солиев афзуд, ки мақомоти милиса муовфиқи қонун ҳаққи пароканда кардани тазоҳуротеро, ки расман иҷозат дода шудааст, надоранд ва онҳо танҳо назорат мекунанд, ки иштирокчиён бо худ яроқи сард ва дигар ашёи хатарнок наоранд.

Аммо тавре таҷриба нишон медиҳад, мақомоти Тоҷикистон барои баргузории гирдиҳамоӣ иҷозат намедиҳанд ва мардум маҷбуранд ё ғайриқонунӣ тазоҳурот кунанд ва ё комилан аз барпо кардани он худдорӣ варзанд. Коршиносон мегӯянд тазоҳуротҳо рамзан як «дудбарои» ҷомеа ҳастанд, ки ташаннуҷи иҷтимоиро камтар мекунанд. Аммо амалан мамнӯъ будани ташкили тазоҳурот боиси боло гирифтани ташаннуҷи иҷтимоӣ мешавад

Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, то замоне ки худи қувваҳои сиёсӣ дар дохили кишвар ҷиддитар талаби барпо кардани тазоҳуротро накунанд, ин «табу» ҳеҷ гоҳ бардошта нахоҳад шуд: «Дар заминаи бештар шудани озодиҳо ва арзишҳои демократӣ бояд бештар қувваҳои сиёсии дохилӣ талош кунанд. Вагарна ҳукуматҳо ҳеҷ гоҳ бе талаб ва фишори нерӯҳои дохилӣ ҳеҷ гоҳу чунин озодиҳоро ба мардум нахоҳад дод.» Раҷаби Мирзо афзуд, ки дар Тоҷикистон ҳоло маҳз расонаҳо вазифаи ҳамон як навъ «дудбарои иҷтимоӣ»-ро иҷро карда истодаанд ва мардум аксаран арзу доди хешро ба расонаҳои мустақил мегӯянд.


Эътироз дар назди сафорати Амрико дар Душанбе. 5 апрели соли 2013
Эътироз дар назди сафорати Амрико дар Душанбе. 5 апрели соли 2013
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон мегӯянд, то замоне ки иҷозаи барпо кардани тазоҳурот дар дасти мақомоти маҳҳалист, онҳо ҳеҷ гоҳ чунин иҷозатро нахоҳанд дод. Онҳо ба баргузории чунин тазоҳурот манфиатдор нестанд, чунки дар аксари маврид маҳз худи эшон ҳадафи танқид ва эътирози мардум қарор мегиранд.

Бисёриҳо ба тазоҳуроти 5-уми апрел дар назди сафорати Амрико ва дафтари СММ дар Душанбе ишора мекунанд ва мегӯянд, нерӯҳои интизомӣ метавонанд, гирдиҳамоиро бо истифода аз зӯр пароканда накунанд.

Зимнан муштариёни ширкати «Мовароуннаҳр» рӯзи 14-уми май аз ҳукумати шаҳри Душанбе хостаанд, барояшон иҷоза диҳад, то дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахтро тазоҳурот барпо кунанд. Бархе аз муштариёни ин ширкат мегӯянд, онҳо қаблан низ бо чунин дархост ба шаҳрдорӣ муроҷиат карда, аммо ҷавоби рад гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG