Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат муҳофизи шахсӣ доштани Кабириро зарур надонист


Мақомот ба дархости ҲНИТ дар мавриди таъмини раҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ бо муҳофизи шахсӣ посухи радд доданд.

Ҳафтаи гузашта Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Вазорати корҳои дохилӣ дархост карда буд, ки ба хотири амнияти шахсии Муҳиддин Кабирӣ ӯро бо муҳофиз таъмин намоянд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) рӯзи 15-уми май ба Озодӣ гуфт, ки Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ ба таври шифоҳӣ ба масъулони ҲНИТ расонидааст, ки таъмини муҳофиз аз ҷониби вазорат барои раиси ҳизб Муҳиддини Кабирӣ имкон надорад. Аммо ҷаноби Сайфуллоҳзода афзуд, ки вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба номаи расмии онҳо дар ин хусус, посухи расмӣ нагуфтааст.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилӣ аз тақозои таъмини муҳофиз кардани ҲНИТ барои раҳбари ин ҳизб изҳори беиттилоъӣ кард ва гуфт, ки бо рӯшан кардани ин масъала, расонаҳоро дар ҷараён хоҳанд гузошт. Масъулони ҲНИТ мегӯянд, ки мунтазири посухи расмии вазорат нестанд, чун посухи шифоҳии вазир кифоя аст.

ҲНИТ дар номаи худ зикр карда буд, ки ба хотири таъмини амнияти Муҳиддин Кабирӣ ҳизб чанд нафарро ҳамчун муҳофиз пешниҳод хоҳад кард, то вазорат фаъолияти онҳоро иҷозат диҳад.

Идеяи дархости муҳофизон ба Муҳиддин Кабирӣ дар ҳоле ба вуҷуд омад, ки моҳи гузашта муовини раиси ин ҳизб Муҳаммадалӣ Ҳаийт дар даромадгоҳи манзили зисташ дар Душанбе ҳадафи ҳамлаи афроди номаълум қарор гирифт. Моҳи феврали соли 2012 Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сухангӯи ин ҳизб низ дар рӯзи рӯшан мавриди латукӯб қарор гирифта буд. Омилони ҳамла ба ин ду фаъоли ҲНИТ то кунун ошкор нашудаанд.

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, муҳофизони шахсии мақомоти баландпоя ва афроди саршинос, танҳо аз ҳисоби кормандони вазорати умури дохилӣ ва кумитаи давлатии амнияти миллӣ, таъйин мешаванд.
XS
SM
MD
LG