Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ожонси зиддифасод УКС-ро тафтиш кардааст, на шаҳрдориро


Раиси Ожонси мубориза бо фасод Фаттоҳ Саидов
Раиси Ожонси мубориза бо фасод Фаттоҳ Саидов

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба Радиои Озодӣ мегӯяд, камбудиҳо дар кори ширкати “Тоҷ-сохтмон байналмилал” зимни тафтиши фаъолияти Раёсати сохтмони асосӣ(УКС)-и шаҳри Душанбе ошкор шудааст, на ҳангоми тафтиши фаъолияти ҳукумати пойтахт.

Дар номае ки бо имзои муовини аввали раиси ин Ожонс Ҷобиров Т.Г. ба Озодӣ расид, аз ҷумла гуфта мешавад: “Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иртибот ба матлаби радиои “Озодӣ” аз 14 майи соли 2013 «Алайҳи Зайд Саидов ва писараш парванда боз накардаем» бо нигаронӣ маълум медорад, ки дар маводи мазкур андешаҳои иброздоштаи директори Агентӣ Фаттоҳ Саидов бо таҳриф: “Фаттоҳ Саидов афзуд, ки қаблан муфаттишони Оҷонсӣ фаъолияти молии ҳукумати шаҳри Душанберо мавриди таҳқиқ қарор дода буданд, ки аз ҷумла дар масъалаи сохтмони «Душанбе Плаза» 4 миллион сомонӣ андозе, ки ба давлат бояд пардохта мешуд, пинҳон дошта шудааст. Вай афзуд, ҳукумати шаҳри Душанбе фармоишгари сохтмони бинои «Душанбе плаза» буд ва дар давраи таҳқиқи вазъи молии ҳукумати шаҳри Душанбе, ин рақамҳо ошкор шудааст.” интишор шудааст.

Зеро фармоишгари сохтмони иншооти “душанбе-Плаза” на Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, балки Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, пудратчии генералии иншоот ҶДММ “Тоҷ-сохтмон байналмилал” мебошад. Дигар ин ки “4 миллион сомонӣ андозе, ки ба давлат бояд пардохта мешуд, пинҳон дошта шудааст” на зимни санҷиши фаъолияти молиявии (ҳукумати шаҳри Душанбе (?)), балки ҳангоми санҷиши мутақобилаи фаъолияти молиявии Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ва пудратчии генералии иншоот ҶДММ “Тоҷ-сохтмон байналмилал” муайян карда шудааст, ки ҳамон ҳам аз ҳисоби ширкатҳои молрасони ҶДММ “Тоҷ-сохтмон байналмилал”дар алоҳидагӣ маблағи мазкурро ташкил додааст.

Ҷойи таъкид ҳам ҳаст, ки назорати иҷро ё худ рафъи камбудиҳои молиявии зикршуда на салоҳияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, балки вазифаи сохторҳои зидахли назорати давлатии молиявӣ ва андоз, ки дар қайди онҳо ширкатҳои молрасони ошкоршуда мебошанд, ба шумор меравад.

Хоҳишмандем вокуниши мазккур ҷиҳати раҳгум назадани хонандагони сомона бетағйир интишор карда шаванд.”



Тавре аз ин шарҳи Ожонси мубориза бо фасод бармеояд, камбудиҳо дар кори ширкати «Тоҷ-сохтмон байналмилал» на ҳангоми тафтиши фаъолияти ҳукумати пойтахт, балки дар ҷараёни тафтиши кори Раёсати сохтмони асосии Душанбе ошкор шудаанд. Аммо дар сохтори шаҳрдории Душанбе, ки дар сомонаи http://www.dushanbe.tj/ru/ Раёсати корҳои сохтмонӣ ҳамчун як ниҳоди марбут ба шаҳдории Душанбе муаррифӣ шудааст, ки зери назари муовини раиси ҳукумати шаҳр дар умури сохтмон фаъолият мекунад.

Ожонси мубориза бо фасод рӯзи 11 май хабар дода буд, ки аз рӯзи 10 май алайҳи масъулони ширкати ҶДММ “Тоҷ-сохтмон байналмилал” бо иттиҳоми “изофанависӣ” ва “азхудкунии молу мулки ғайр, дар ҳаҷми калон ва сохтакории санадҳои муҳосибӣ” дар ҷараёни сохтани баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон – “Душанбе-Плаза” – парванда кушодааст. Ин хабар тақрибан ҳамзамон бо бозҷӯии манзилҳои марбут ба вазири собиқи саноат Зайд Саидов ва бозпурсии наздикони ӯ дар додситонии шаҳри Душанбе, ки мегӯяд, алайҳи ин соҳибкор бо иттиҳоми “бисёрзанагӣ” парванда боз кардааст, эълон шуд.

Рӯзи 14 май раиси Ожонси зиддифасод Фаттоҳ Саидов ба Озодӣ гуфт, ин ниҳод алайҳи худи Зайд Саидов ва писари ӯ парвандае надорад, балки ду ширкати ҳамкори «Тоҷ-сохтмон байналмилал» - «Таврида» ва «Оффис – маркет» ҳангоми сохтмони «Душанбе – Плаза» ба маблағи 4 миллиону 87 ҳазор сомонӣ андозро пинҳон кардаанд ва то ҳол аз ин маблағ 2 миллиону 452 ҳазору 700 сомонӣ барқарор шудааст. Фаттоҳ Саидов афзуд, дар гузашта аз сӯи мутахассисони ниҳодҳои молиявӣ дар корҳои сохтмонии боз ҳам «Душанбе – Плаза» аз сӯи ширкати «Тоҷ-сохтмон байналмилал» ошкор шуда, ин маблағ низ пурра барқарор шудааст. «Тоҷ-сохтмон байналмилал» аз ширкатҳои марбут ба Зайд Саидов номбар мешуд, вале ҳоло мақомот эътироф мекунанд, ки муассиси ширкат писари ӯ Хайрулло Саидов будааст, вале боз ҳам парванда алайҳи мудирони ширкат аст, на муассисаш.

«Барои боз кардани парвандаи бисёрзанӣ шикояти ҳамсар зарур нест"



Зайд Саидов
Зайд Саидов
Мақомот мегӯянд, сарфи назар аз набудани шикояти кадоме аз ҳамсарони Зайд Саидов, қонун чандҳамсариро манъ мекунад ва парванда алайҳи ӯ бар пояи қонун боз шудааст. Раёсати тафтишотии Додситонии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки моддаи 170-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҳамзамон зиндагӣ кардан бо чанд ҳамсарро манъ мекунад.

Дафтари матбуоти Додситонии шаҳри Душанбе бо такя ба маълумоти Раёсати тафтишотии Додситонӣ, рӯзи 15-уми май ба "Озодӣ" гуфт, ки алайҳи Зайд Саидов бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда боз шудааст ва дар ҳоли ҳозир тафтишоти пешакӣ идома дорад. Моддаи 170-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон ҳамчун ҷазои бисёрзанагӣ то 2 сол корҳои ислоҳӣ ё ҷарима ба маблағи аз 1000 то 2000 маоши ҳадди ақал (то 80 000 сомонӣ)-ро пешбинӣ кардааст. Дар иттилоияи додситонии Душанбе, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кардааст, ҳамчунин омадааст, “аз рӯи маълумотҳои мавҷуда Саидов З.Ш. дар як вақт бо чор зан зиндагонӣ мекунад, ки ин хилофи меъёрҳои умумибашарии тамаддунӣ мебошад.”

Ҳамин тавр, рӯзи 13-уми май Шӯрои ҳамоҳангсозии анҷуманҳои соҳибкорони Тоҷикистон, ки дар раъси он Зайд Саидов қарор дошт, дар як ҷаласаи изтирорӣ, барҳам дода шуд.

Худи Зайд Саидов, ки дар раъси як ҳайъати теннисбозони тоҷик дар Фаронса қарор дорад, дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ аз Порис иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд кард ва гуфт, он маблағҳоеро ки дар мавриди сохтмони “Душанбе-Плаза” оварда мешаванд, алакай баргардонидаанд. Ӯ мутмаин аст, ки таъқиби ӯву наздиконаш ба азми ӯ барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав бастагӣ дорад. Зайд Саидов рӯзи 6 апрел эълон кард, ки мехоҳад гурӯҳҳои марказгаро ва соҳибкоронро дар як ташаккули нави сиёсӣ гирди ҳам биорад.
XS
SM
MD
LG