Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия корманди сафорати Амрикоро ихроҷ мекунад


Русия ба яке маъмурони мазнуни CIA ва ё Хадамоти Истихборотии Амрико амр додааст, ин кишварро тарк кунад. Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи сешанбе гуфт, Райан Кристофер Фогл “ҳарчӣ зудтар аз Русия” биравад ва афзудааст, “ингуна амалкардҳои иғвобарангез дар рӯҳияи Ҷанги Сард ба ҳеҷ ваҷҳ дар тақвияти эътимод миёни Маскав ва Вашингтон мусоидат нахоҳад кард.“ Пештар аз ин ФСБ Хадамоти Федеролии Амнияти Русия гуфт, ки Райан Фоглро шаби душанбе ҳангоми ҷалби як маъмури амниятии рус барои кор дар Хадамоти Истихборотии Амрико боздошт карда ва ба сафорати Иёлоти Муттаҳида супурдааст. Ба гуфтаи ФСБ, ин фард ба ҳайси котиби саввуми дафтари сиёсии сафорати Амрико кор мекардааст. Барои шарҳи ин қазия, Майкл Макфаул, сафири Амрикоро ба вазорати умури хориҷии Русия даъват кардаанд.
XS
SM
MD
LG