Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занг занед! Ситоди вижа барои ёрӣ ба шаҳрвандони тоҷик дар Русия


Бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав
Бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои кумак ба шаҳрвандони Тоҷикистон ситоди вижа таъсис додааст.

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоикистон рӯзи 14 май ба Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ин ситод ба хотири ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ташкил шуда, вазифаи аслиаш ҳалли саривақт ва ҳатмии масъалаҳое мебошад,ки дар фурудгоҳҳои Маскав ва истгоҳи роҳи оҳани Русия рух медиҳад.

Намояндагони ситод асосан дар қаламрави фурудгоҳҳои «Домодедово» ва «Внуково», ҳамчунин дар вокзали роҳи оҳани «Қазон» фаъолият хоҳанд кард. Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар сурати пеш омадани ҳар мушкил ё суоле шабонарӯзӣ ба ин ситод муроҷиат кунанд.

Дар ҳайъати гурӯҳи кории ситод мушовирони сафири Тоҷикистон, намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон, ширкатҳои ҳавопаймоиҳои «Тоҷикэйр» ва «Сомонэйр» дар Русия шомил ҳастанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон шумораи телефонҳои аъзои ситодро низ нашр кардааст:

ЮНУСОВ Толиббой Ҷабборович, мушовир: +7 495 690 21 80

РАШИДОВ Сулаймон Сатторович, мушовир:+7 495 690-41-86

ОДИНАЕВ Мирзодавлат Сатторович, мушовир: +7 495 690-41-86

ҒАНИЕВА Садбарг Бурҳоновна,мушовир, роҳбари Хадамоти консулӣ:+7 495 690-02-70

ЭГАМЗОД Муҳаммад Машрафович, котиби якум, роҳбари маркази матбуот:+7 495 690-61-02

МИРЗОЕВ Бадриддин Қиёмиддинович,котиби дуюм: +7 495 690-14-47

СОДИҚОВ Парвиз Ҳусейнович,котиби дуюм: +7 495 690-38-46

АБДУЛЛОЕВ Бахтиёр Ҳомидович, атташе: +7 495 690 21 80

АБДУРАҲИМОВ Абдукарим Абдураҳмонович, атташе: +7 495 690 21 80

ГАДОЕВ Искандар Бахшибекович, атташе: +7 495 690 52 81

Одинаев Асрор Тошматович, роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия: +7 925-880-80-30

ҚАЛАНДАРОВ Абдулҳафиз, намояндаи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»: +7 925 078 53 45

ҲАҚНАЗАРОВ Зафар, намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар Маскав: +7 499 725 70 85


ЗУҲУРОВ Саид, намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар Маскав: +7 499 725 70 84
XS
SM
MD
LG