Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моҷарои Ассошиэйтед Пресс бо вазорати адлияи Амрико


Гаррӣ Прюит

Гаррӣ Прюит

Ассошиэйтед Пресс(АР) вазорати адлияи Амрикоро ба "мудохилаи азиму бесобиқа" ба фаъолияти матбуот айбдор мекунад.

Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс (АР-Associated Press) мегӯяд, вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба таври махфӣ забти гуфтугӯҳои телефонии думоҳаи хабарнигорон ва муҳаррирони онро ба даст овардааст, ки ба ақидаи ин маркази хабарӣ “як мудохилаи азим ва бесобиқа” ба фаъолияти матбуот будааст.





Раиси Ассошиэйтед Пресс Гаррӣ Прюит дар номаи эътирозияш ба вазири адлия Эрик Ҳолдер гуфт, ҳукумат даст ба иттилоъе зад, ки фаротар аз чаҳорчӯби ҳама гуна пажӯҳиши махсус меравад. Вазораи адлия гуфтааст, забти гуфтугӯҳо аз тариқи 20 хатти алоҳидаи телефониро дар моҳҳои апрел ва майи соли гузашта аз ширкатҳои мухобиротӣ дастрас кардааст.

Вакилони ҳуқуқии Ассошиэйтед Пресс мегӯянд, сӯҳбати хабарнигорони алоҳида аз телефонҳои корӣ ва шахсӣ ва ҳамчунин зангҳое ба берун аз дафтарҳои хабаргузорӣ дар Ню-Йорк, Вашингтон, Ҳартфорд, Коннектикут ва телефонҳои асосии Ассошиэйтед Пресс дар маркази матбуотии Палатаи намояндагони Конресс забт шудаанд.

Кетлин Керрол, ноиби аршади раис ва сардабири Ассошиэйтед Пресс дар бораи таҳқиқоти ҳукумат чунин гуфт: "Дар ин 20 хатти телефонӣ, тайи ду моҳ, ҳазорон гуфтугӯ сурат гирифта, шумораи умумии дурнигор ё факс, шабакаи марказӣ ва намояндагиҳо зери назорат будааст ва ин назорат ба сурати умум зиёда аз 100 журналистро фаро гирифтааст.” Сардабири хабаргузорӣ афзуд, амалкарди ҳукумат ба таври бесобиқа ғайриодӣ будааст.

Маълум нест, оё зангҳо аз берун низ шунида шудаанд ва тӯли гуфтугуҳо чӣ қадар будаанд. Ассошиэйтед Пресс аз он норозист, ки ҳукумат аз чунин иқдоми худ ба хабаргузорӣ иттилоъ надодааст. Ҳукумат аз тарафи худ нагуфтааст, бо кадом мақсад ин гуфтугӯҳо сабт карда шудаанд.

Ҳукумат қаблан гуфта буд, ки вазорати адлия эҳтимоли таровиши иттилои ҳассосро дар робита ба як амалиёти зидди терроризм дар Ховари Миёна тафтиш мекунад. Ин маълумоти махфӣ дар гузориши Ассошиэйтед Пресс рӯзи 7-уми майи соли 2012 паҳн шуда ва ҳоло ҳукумат сарчашмаи дарзро ҷустуҷӯ мекунад. Гуфта мешавад, дар ин гузориш ҷузъиёти фаъолияти Идораи Марказии Иктишофӣ ё CIA дар Яман фош гардид. Ин амалиёт имкон дода буд, аз бомбгузории Ал-Қоида дар як ҳавопаймои самти Амрико пешгирӣ шавад.

Муфаттишон қаблан низ аз расонаҳои хабарӣ забт ва маълумотро хоста буданд, аммо бар асоси қонун, барои дарёфти иттилои муайян онҳо бояд расонаро огоҳ кунанд ва бо он вориди гуфтугӯ шаванд. Дар ин моҷаро ҳукумат ба Ассошиэйтед Пресс нома фиристодааст, ки дар сурати “таҳдиди воқеӣ ба шаффофияти таҳқиқ” метавонад қоидаҳои қаблиро тағйир диҳад.

Иттиҳоди озодиҳои шаҳрвандии Амрико гуфт, дастрасии ҳукумат ба забтҳои зиёди сӯҳбатҳои телефонӣ ҳам ба журналистон ва ҳам ба фошкунандагоне, ки мехоҳанд, хатоҳои ҳукуматро ошкор намоянд, таъсири дилсардкунандае хоҳад дошт. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ ҳукумати президент Обамаро ба “тарсондани матбуот” айбдор кардааст.

Кохи сафед рӯзи душанбе гуфт, аз талошҳои вазорати адлия барои дастрасӣ ба забти сӯҳбатҳои телефонии кормандони Ассошиэйтед Пресс аз матбуот хабар ёфтааст.
XS
SM
MD
LG