Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти сардовару нозири бозии “Истаравшан” - “Регар”


Рустам Холов
Рустам Холов

Сардовар ва нозири бозии «Истаравшан» - «Регар-ТадАЗ» муҷозот шуданд.

Бо қарори кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Холов, сардовари бозии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ - “Истаравшан” ва “Регар-ТадАЗ”, ки рӯзи 10-уми май дар варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор шуд, инчунин, Раҳимҷон Шарифов, нозири ин бозӣ, барои вайрон кардани моддаҳои дахлдори Кодекси ахлоқ аз ҳаққи доварӣ ва нозирӣ дар ҳамаи мусобиқоте, ки ФФТ баргузор мекунад, ба муддати ду моҳ маҳрум карда шуданд.

Ҳамчунин кумитаи назорату ахлоқи ФФТ тасмим гирифт, ки масъалаи аз вазифаи раиси комиссияи доварону коршиносон озод кардани Раҳимҷон Шарифов баррасӣ шавад.

Инчунин Ҳабибулло Нарзуллоев, ёвари сардовари ин бозӣ, барои вайрон кардани моддаҳои Кодекси ахлоқ аз ҳаққи доварӣ дар ду бозии ҳайатҳои асосии дастаҳои лигаи олӣ маҳрум гардид.

Ёдовар мешавем, ки Сафаралӣ Каримов, ҳимоятгари бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ», бо қарори кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон барои як сол аз ҳаққи ширкат дар ҳамаи мусобиқоте, ки ФФТ баргузор мекунад, маҳрум ва ба маблағи 5000 сомонӣ ҷарима карда шуд. Ӯ дар бозӣ миёни дастаҳои «Истаравшан» ва «Регар-ТадАЗ» байрақчаи ёвари сардоварро кашида гирифта, бо он ба шиками ӯ задааст.
XS
SM
MD
LG