Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико "Ассошиэйтед Пресс"-ро ба хашм овард


Хабаргузории "Ассошиеэтед Пресс" мегӯяд, вазорати адлияи Амрико гуфтугӯҳои телефонӣ миёни хабарнигорон ва муҳарриронашро махфиёна ба даст овардааст, ки “дахолати бесобиқа” ба фаъолияти матбуот аст. Гаррӣ Пруитт, мудири хабаргузорӣ рӯзи душанбе бо ирсоли номае ба Эрик Ҳолдер, вазири адлияи Амрико гуфтааст, ҳукумат ин гуфтӯгуҳоро бе зарурат ва ҳеҷ сабаби мушаххас хоста ва дарёфт кардааст. Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” гуфтааст, ки вазорати адлияи Амрико рӯзи ҷумъа онҳоро огаҳ кардааст, ки чанд моҳ пеш сабти гуфтӯгуҳои 20 корманди онро аз ширкатҳои мухобиротӣ хоста ва гирифтааст. Ҳукумати Амрико нагуфтааст, ки барои чӣ ин сабтҳоро гирифтааст. Аммо мақомоти амрикоӣ дар гузашта гуфта буданд, ки муфаттишон қазияи дар ихтиёри Ассошиэйтед Пресс қарор гирифтани иттилоот дар бораи як амалиёти зиддитеррористӣ дар Яманро таҳқиқ мекунанд.
XS
SM
MD
LG