Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи Пенза тоҷикон осеб надидаанд


Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар миёни қурбониёни садамаи маргбор дар шаҳри Пензаи Русия, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Пештар аз ин хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки рӯзи сешанбе дар як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Пензенскаи вилояти Уфа 10 нафар кушта шуданд ва теъдоде аз онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Аммо сафорати Тоҷикистон гуфт, баъди таҳқиқ маълум шуд, ки ҳеҷ яке аз қурбониён тоҷикон нестанд. Дар ин садама 9 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG