Пайвандҳои дастрасӣ

Владимир Путин бо Бенямин Нетаняҳу мулоқот мекунад


Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба хотири мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, озими шаҳри Сочи шуд. Қарор аст, дар мулоқоти имрӯза, қасди Русия барои фурӯхтани системаи пешрафтаи зиддимушакии S-300 ба Сурия баррасӣ шавад, ки аз ҳампаймонҳои деринаи Русия аст. Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико, гуфтааст, дар ихтиёри Сурия гузоштани чунин система, барои минтақа хатарнок хоҳад буд. Сафари Нетаняҳу ба Русия дар замонест, ки талошҳои дипломатӣ барои ҳалли муноқиша дар Сурия бештар шудааст. Аз ҷумла Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, ҳамин ҳафта барои баррасии ин масъала ба Маскав сафар мекунад. Пештар аз ин мақомоти Амрико гуфтанд, конфронси нав дар бораи поён додан ба хунрезӣ дар Сурия, ки Иёлоти Муттаҳидаву Русия пешниҳод кардаанд, ба эҳтимоли ғолиб моҳи июн баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG