Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размандагони курдро дар Ироқ пешвоз гирифтанд


Аввалин гурӯҳи размандагони ҷудоихоҳони курд, ки Туркияро тарк кардаанд, ба минтақаи Ҳорур воқеъ дар Курдистони Ироқ ворид шуданд. Гурӯҳи ҷудоихоҳони мусаллаҳи курд аз Ҳизби Коргарии Курдистонро, ки рӯзи сешанбе ба ин маҳал расиданд ва аз тарафи аъзои ҳизб бо хушҳолӣ пешвоз гирифтанд. Ҳизби Коргарии Курдистон 29 сол боз бо Туркия барои ба даст овардани мухторият меҷангид ва дар ин ҷанг аз ду тараф 45 ҳазор нафар кушта шудаанд. Чанде пеш миёни ду тараф созиши сулҳ ҳосил шуд ва бар асоси он размандагони курд Туркияро тарк мекунанд. Абдулло Оҷалон раҳбари зиндонии Ҳизби Коргарии Курдистон моҳи март оташбас эълон кард ва тахмин мешавад, ки 2000 размандагони курд, пойи пиёда ба паноҳгоҳҳои амнашон ба Ироқ бармегарданд.
XS
SM
MD
LG