Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеву Бишкек масоили доғро баррасӣ мекунанд


Вазорати умури хориҷии Қирғизистон мегӯяд, як ҳайъати расмӣ бо ҳадафи ширкат дар нишасти 12-уми Кумиссиёни байниҳукуматии баррасии фарогири масоили дуҷониба ба Тоҷикистон сафар мекунад. Дар баёнияи вазорат, ки имрӯз нашр шуд, омадааст, ҳайати мазкур ба раҳбарии Қалиқбек Султонов, вазири нақлиёт ва мухобироти Қирғизистон, рӯзҳои 16-17 май бо намояндагони Тоҷикистон масоили доғи ҳамкориҳои дутарафаро баррасӣ мекунанд. Нишасти мазкур тақрибан 20 рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки миёни сокинони рустоҳои марзии Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон бар сари қаламравҳои баҳсбарангез ҷанҷолу муноқиша карданд ва аз ду тараф ҳам чанд нафарӣ захмӣ шуданд. Интизор меравад, дар ҷараёни нишасти кумиссиёни байниҳукуматӣ аз ҷумла, шеваҳои ҷилавгирӣ аз ингуна муноқишаҳо ва ҳалли масоили қаламравҳои баҳсбарангези марзӣ барррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG