Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳавопаймои хатсайри Краснодар-Душанбе аз нимароҳ пас гашт


Ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737-700, рӯи хатти сайри Краснодар-Душанбе, субҳи сешанбе бинобар норасоии ҳаво дар дохили салон, дубора дар фурудгоҳи Краснодар фуруд омад.

Хабаргузории РИА Новости рӯзи 14-уми май иттилоъ дод, ки субҳи сешанбе ҳавопаймои Boeing 737-700 ҳомили 37 мусофир рӯи хатти сайри Душанбе Краснодар пас аз се соати парвоз бо мушоҳидаи мушкили норасоии ҳаво дар дохили салон, маҷбур ба бозгашт шуд ва дар фурудгоҳи Краснодар фуруд омад.

Масъулони ширкати ҳавопаймоии Краснодар мавсум ба «Базэл Аэро» гуфтаанд, ки бо пеш омадани ин ҳолат, зарурати пас гардонидани ҳавопаймо ҳатмӣ буд. Ҳангоми фуруд омадани ҳавопаймо, ҳеҷ мусофир зарар надидааст. Boeing 737-700 ки дар соати 01.46 ба вақи маҳаллӣ ба самти Душанбе ҳаракат кард, бо пеш омадани ин мушкил дар соати 03.54 дубора дар Красонодар фуруд омад.
XS
SM
MD
LG