Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ соҳиби ҷоизаи Владимир Путин шуд


Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Русия Владимир Путин медали биринҷӣ ба даст овард.

Ин мусобиқа дар шаҳри Хасавюрти Доғистон бо ширкати 220 варзишгар аз Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия ва ғайра баргузор шуд.

Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кг бар рақибонаш аз Доғистон, Адигей пирӯзӣ ба даст овард, вале аз ғолиби ин мусобиқа Мурат Шадов (Қабардину Балқар) мағлуб гашт ва дар мубориза барои медали биринҷӣ гуштигири вилояти Тюменро шикаст дод.

Ғолибони мусобиқа: 60 кг- Ислом Эмеев (Доғистон), 66кг- Яъқуб Шамилов (Чеченистон), 73кг- Олег Бабгоев (Қабардину Балқар), 81 кг-АйдамирШевосуков (Адигей), 90кг- Мурат Шадов (Қабардину Балқар), 100кг- Алан Хугаев (Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ, Алания) ва беш аз 100 кг- Аслан Умашхотов (Қабардину Балқар).

Ғолибони мусобиқа бо ҷом, медалҳои тилло, диплому мукофотпулӣ ба маблағи 100 ҳазор рублӣ сарфароз гаштанд. Ба гуштигироне, ки ҷойҳои дувумро гирифтанд, ба ҷуз медалҳои нуқра, 50 ҳазор рублӣ ва ба онҳое, ки ҷойҳои севумро соҳиб шуданд, ба ғайр аз медалҳои биринҷӣ, 30 ҳазор рублӣ тақдим шуд. Мураббиёни варзишгарони ғолиб 20 ҳазор рублӣ гирифтанд.

Боз як намояндаи Тоҷикистон Рамзӣ Шамиров беҳтарин довари ин мусобиқа дониста шуд.
XS
SM
MD
LG