Пайвандҳои дастрасӣ

Даричае аз ёдам намеравад. Дар ду тарафи он девори фурӯрехта ду қабри кӯҳнаро ба ёд меовард. Ранги нилгуни равғании дарича мисли карахши рӯйи захми хушкида варақ-варақ хеста буд. Ин ранг дар ҷо-ҷое мисли осмони тобистон кабуд буд. Дар паланди дарбача чаҳоркунҷае сурхӣ мекард: “Дар ин ҷо собиқадори ҶБВ зиндагӣ мекунад.”

“Зиндагӣ мекард,” – гузашт аз дилам, вақте бародарам Ҳакимҷон бо эҳтиёти тамом ангушт ба дарича зад. Аз дарун садое наомад, дарича баста ҳам набуду ҳавлича ҳам аз берун намоёну бекас ва мо пой ба остона гузоштем.

Хонае, ки аз охири солҳои 1950, давраи муҳоҷирати мардуми Масчо монда буд, ҳоли зоре дошт. Андовааш афтода, хиштҳои хомрро луч карда буд ва сутуну болорҳо аз дуди айём сиёҳ гаштаанд.

Дуртар аз он хонаи дигаре буд, ки собиқадори ҷанг акои Абдуқаҳҳор солҳо пеш, дар замони колхоз, барои писараш сохта буд. Як хонае пир ва хонае ҷавон. Зери айвони хонаи дувум пиразане ғамгин нишаста буд, ки ба мо нигоҳе накард. Баъд донистам, чашмонаш намедиданд ва гӯшҳояш намешуниданд.

Аз даруни хонаи нав зане берун омад, ки кӯдаке домони пироҳанашро гирифта буд.

“Аком аз мусофират омадаанд, фотеҳае хонем…”

Зан, ки аз он пиразан фарқи зиёд надошт ва пеш аз вақт пир шуда буд, сар ҷумбонд.

Сарипо нишастем ва дуое ба равони марди наҷиб, обдори бригадаи мо дар колхоз, собиқадори ҷангу меҳнат бахшидем. Бархостанӣ будам, ки додарам аз оринҷам гирифт. Боз фотеҳа хонд. Даст ба рӯй кашидем ва берун шудем. Вуҷудамро андӯҳи сангине ларзонд. Баргаштаву боз ба тахтачаи сурх нигаристам. Зиндагии захмии Ҷанги Ҷаҳонии Дувум Абдуқаҳҳор Ғаффоров, дар солҳои охир, ба гуфтаи бародарам, бисёр сахт будааст: “Ҳамдеҳагон ёрияш медоданд, аммо аз ҳама бурида буд.”

“Паc аз хорию танҳоӣ даргузашт?” Бовар намекардам, ин марди хушсухан ва шӯху шод дар поёни умр зери бори ғам монда бошад.

“Шояд бештар аз доғи фарзанд,” – мегӯяд додарам дар ҳоле ки ман тасаввур мекардам, эҳтимол баъд аз тарака шудани заминҳои колхоз ва зуҳурии бойбаччаҳои нав ва ба қашшоқии амиқ афтоданаш сахт азоби рӯҳӣ кашид ва ба беқадрии инсон тоб наовард. Кишваре, ки мегӯяд, ин мардони бузург ҷони хешро сипар кардаву онро аз нобудӣ наҷот доданд, натавонист, дар посух онҳоро аз аҷзу нодорӣ ҳифз кунад. Вале нақли додарам, тазоди дигареро дар пеши чашм овард.

Абдуҷаббор, писари акои Абдуқаҳҳор дар Русия аз дасти сартарошидаҳо ё фашистҳои навбаромад кушта шудааст. Даҳшат! Ҷавонакҳои рус ба тақлид аз фашистҳо писари шахсеро куштанд, ки Русияро аз фашизм наҷот дода буд. Шояд беҳтар буд, наҷот намедод ва ин ҷавонакҳо ҳам ба дунё намеомаданд?

Бархилофи шиори машҳури “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст”, русҳо фаромӯш кардаанд, ки зиёда аз 250000 нафар аз Тоҷикистон дар ҷанги зидди Олмони ҳитлерӣ ширкат карданд ва наздик ба 60 000 нафари онҳо барои ҷасорат ва қаҳрамонияшон ордену медал гирифта, 89 нафар Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ё барандаи ҳарсе дараҷаи ордени “Шараф” шуданд. Тамоми солҳои ҷанг иқтисоди Тоҷикистон барои пирӯзӣ кор кард ва ҷону нерӯву моли мардум ба коми ҷанг рафт.

Агар Русия кишвари адл мебуд, саҳми тоҷикон ва ақвоми дигарро дар пирӯзӣ бар фашизм шиори аввали худ мекард ва қатли ҳар муҳоҷирро дар заминаи бегонаситезӣ ба шикасте дар баробари фашизм мусовӣ медонист. Мисли ин ки он ҷанг бо фашизм дар Русия ҳамоно идома дорад ва агар падарон дар солҳои 1941-45 онро шикаст доданд, ҳоло писарон бо ин ҳаюло дар ҷанганд. Ва ҷомеаи Русия ғолибан ба ин қурбониҳо арҷ намегузораду дар қайди сукути тарафгиронаест, ки онро ба коми нажодпарастӣ мекашонад. Намедонам, дар ин ҳол ҳамҳамаи ҷашни пирӯзӣ бар фашизм дар Русияи имрӯза то куҷо самимона аст.

Рӯзи 9-уми майи соли 2013, дафъатан пас аз поёни паради ҳарбӣ дар Маскав дар ин шаҳр ва дар Петербург “облава” ё гирудори муҳоҷирон сар шудааст. Ҳоло Русия на ҷавонакҳои нажодпараст, балки муҳоҷиронеро биноҳои баланду бузурги шаҳрҳояшро месозанд ва кӯчаву хиёбонҳояшро пок мекунанд, душмани аввали худ мешуморад ва дар агар худро танҳо меросбари пирӯзиҳои СССР медонад, масъулиятҳои чунин ворисро дар назди шаҳрвандони собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ нодида мегирад.

Ва як рӯз пеш аз ҷашни Пирӯзӣ бар фашизм нашрияи давлатии Русия бо шодмонии ошкоро аз дастури президент Владимир Путин менависад, акнун тоҷикон ба Русия танҳо бо шиносномаи хориҷӣ сафар карда метавонанд…

Гашти рӯз ба қабристони деҳа рафтем. Шаш ё ҳафт раддаи гӯри ҳамдеҳагони ман дар се соли охир хеле тӯл кашидаву ҳарчӣ бештар ба подомани замин наздик шудааст. Мадфани наздиконро зиёрат кардем ва чанд тобути фулузиро паҳлуи қабрҳо дидам, ки чизи наве буд. Аҳли деҳа қарор кардааст, тобути аз рӯҳ сохташудаи ҳар ҷавонеро, ки ҷасадаш аз Русия оварда мешавад, мисли муҷассамаи марг дар ғурбат паҳлуи қабр гузоранд.

Яке аз онҳо канори мадфани Абдуҷаббор валади Абдуқаҳҳор гузошта шудааст. Бародарам дар хотимаи қабрҳо хатте кашиду дуои дигаре барои ҳамаи сокинони водии хомӯшон хонд. Ҳам барои ҷавононе, ки дар муҳоҷират ҷон додаанд. Дар Русияе, ки акнун акои Абдуқаҳҳорро намешиносад.

Ҳоло менависаму се чиз пеши назарам аст. Яке он тобути филизӣ, дигаре — дарича ва савум чаҳоркунҷае бо ин навиштаҷот: “Дар ин ҷо собиқадори ҶБВ зиндагӣ мекунад.”

Бознашр аз блоги "Нигариш ва кандуков"

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG