Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири собиқ ба самимияти Шариф бовар надорад


Собиқ сафири Покистон дар ИМА мегӯяд, ӯ шак дорад, ки Навоз Шариф бар зидди ифротгароҳои ин кишвар иқдом кунад.

Ҳизби зери раҳбарии Шариф дар интихоботи парламентии Покистон дастлобо шудааст ва эҳтимол ӯ сарвазири ояндаи Покистон таъйин шавад.

Дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Нюйорк Ҳусайн Ҳаққонӣ суол гузошт, ки оё воқеан Шариф бар зидди гурӯҳҳои тундгарое, ки дар маъракаи интихоботӣ аз номзадии ӯ пуштибонӣ мекарданд, иқдом хоҳад кард? Сипас худи Ҳаққонӣ посух додааст, ки ба фикри ӯ, не, иқдом нахоҳад кард.

Рӯзи душанбе Шариф гуфт, ки ҳукумати зери раҳбарии ӯ саъй хоҳад кард, равобити Покистон бо Ҳиндустону ИМА беҳбуд ёбад. Ду кишвари ёдшуда Покистонро бо он муттаҳам мекунанд, ки бар зидди ифротгароҳо иқдоми кофӣ раҳандозӣ намекунад.

Ҳаққонӣ дар солҳои навдуми асри гузашта вақте Шариф вазифаи сарвазири Покистонро бар ӯҳда дошт, мушовири ӯ будааст. Ҳаққонӣ мегӯяд, эҳтимол шариф бар зидди низомиёни нерӯманди Покистон беш аз ҳукуматҳои қаблӣ иқдом намояд.
XS
SM
MD
LG