Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ хостааст, ки Эрон баҳоиҳоро озод кунад


Гурӯҳи мустақили ҳомии ҳуқуқи башари СММ аз мақомоти Эрон даъват кардааст, ки “фавран ва бидуни шартгузорӣ” ҳафт пешвои мазҳаби баҳоиро раҳо кунанд.

Мақомот ин пешвоҳои мазҳабиро дар соли 2008-ум боздошт намуда, тӯли 20 моҳ бидуни айбнома дар боздоштгоҳ нигаҳ доштаанд.

Баъд ба қавли СММ дар соли 2010-ум онҳоро бо тарғиботи зидди давлат ва ҷосусӣ муҷрим дониста, ба муддати 20 сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Рӯзи душанбе Комиссари ҳуқуқи башари СММ аз гузоришгари ин созмон иқтибос овард, ки сар аз оғози соли равон дар Эрон камаш 110 пайрави мазҳаби баҳоия зиндонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG