Пайвандҳои дастрасӣ

"Равшан" "Хуҷанд"-ро шикаст дод


Tajikistan,Kulob city, a game betweeb tajik FC "Ravshan"-Kulob and "Parvoz"-Ghafurov,10May2013

Tajikistan,Kulob city, a game betweeb tajik FC "Ravshan"-Kulob and "Parvoz"-Ghafurov,10May2013

Дастаи футболи "Равшан" дар шаҳри Кӯлоб дастаи "Хуҷанд"-ро бо ҳисоби 2 бар 1 ноком кард.

Рӯзи 13-уми май бозии даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ - «Равшан»-и Кӯлоб ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор шуд.

Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб сурат гирифт, бо пирӯзии дастаи мизбон – «Равшан» бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Дар ин бозӣ Юсуф Рабиев, ҳамлагари «Хуҷанд», дар дақиқаи 8-ум ҳисобро боз кард. Ҳасан Рустамов, бозигари «Равшан», дар дақиқаи 70-ум ҳисобро баробар намуд. Голи ҳалкунандаро Сайриддин Ғаффоров, легионери узбакистонии»Равшан», дар дақиқаи 83-юм ба ҳадаф расонд.

Баъди ин ғалаба имтиёзи «Равшан» бо рақибони аслиаш – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баробар шуд. Ҳарсе даста 12-имтиёзӣ ба даст овардааст. Бо назардошти таносуби тӯбҳо дар ҷадвали мусобиқа «Истиқлол» дар ҷойи аввал, «Регар-ТадАЗ» дар ҷойи дувум ва «Равшан» дар ҷойи севум қарор доранд.

Рӯзи сешанбе, 14-уми май ду бозии охирини даври 6-ум миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Румӣ - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров барпо мегардад.

Даври 6-ум
13-уми май (душанбе)
«РАВШАН» - «ХУҶАНД» - 2-1. Голҳо: Юсуф Рабиев, 8 (0:1). Ҳасан Рустамов, 70 (1:1). Сайриддин Ғаффоров, 83 (2:1).
Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа


Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 4 4 0 0 14-3 12
2 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 4 4 0 0 10-3 12
3 «Равшан» ӯлоб) 4 4 0 0 8-1 12
4 «Хайр» (Ваҳдат) 4 2 1 1 6-5 7
5 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5 2 1 2 5-4 7
6 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 5 2 1 2 3-5 7
7 «Энергетик» (Душанбе) 6 1 2 3 4-7 5
8 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 6 1 1 4 3-8 4
9 ССКА «Помир» (Душанбе) 5 0 3 2 1-3 3
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 5 0 2 3 2-7 2
11
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Румӣ)
4 0 1 3 4-14 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Акуффо ГЕРШОН, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарсе - «Регар-ТадАЗ»), Бахтиёр ҲАКИМОВ («Панҷшер»), Индус ҲУСЕЙНЗОДА, Нуъмонҷон ҲАКИМОВ, Сайриддин ҒАФФОРОВ (ҳарсе - «Равшан»), Муҳаммад ГУЛИПУР («Хуҷанд»), Юҷин СЕПУЙЯ («Истиқлол»), Бахтиёр ЧОРИЕВ («Энергетик»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр»), Фурқат МИРҲАЙДАРОВ («Вахш») – 2-тӯбӣ.

14-уми май (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.00
«ИСТИҚЛОЛ» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
«ПАНҶШЕР» - «ПАРВОЗ». Ҷалолиддини Румӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG