Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати се сарбози гурҷӣ дар Афғонистон


Ираклий Аласания-вазири мудофиаи Гурҷистон

Ираклий Аласания-вазири мудофиаи Гурҷистон

Вазири мудофиаи Гурҷистон мегӯяд, бар асари як ҳамла дар ҷануби Афғонистон се сарбози гурҷӣ кушта ва шуморе ҳам маҷрӯҳ шудаанд.

Рӯзи душанбе Ираклий Аласания дар пойтахти Гурҷистон гуфт, дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон ҷангҷӯён бо истифода аз силоҳи сабук ва мошини саршор аз маводи тарканда болои пойгоҳи баталиёни 42-уми нерӯҳои Гурҷистон ҳамла карданд.

Ба қавли Аласания сарбозони гурҷӣ ҳамаи ҷангҷӯёнро ба қатл расонда, минтақаро таҳти назорати комил қарор додаанд. Ин дуввумин ҳамлаи хунин болои сарбозони Гурҷистон дар Афғонистон аст.

Моҳи сентябри соли 2010-ум бар асари ҳамлаи ҳамсон чор сарбози гурҷӣ ба ҳалокат расида буданд. Умуман, дар Афғонистон 22 низомии гурҷӣ кушта шудаанд.

Гурҷистон ба эътилофи байналмилалии мустақар дар Афғонистон 1600 афсару сарбоз сафарбар кардааст. Ягон кишвари берун аз НАТО чунин воҳиди бузурги низомӣ ба Афғонистон нафиристодааст.
XS
SM
MD
LG