Пайвандҳои дастрасӣ

Бар зидди писари Зайд Саидов парванда боз мекунанд?


 Зайд Саидов

Зайд Саидов

Идораи мубориза бо фасод дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо хабаргузории Азия плюс гуфтааст, ки ин ниҳод бар зидди Зайд Саидов, ки гуфта мешавад, муассиси ширкати «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» аст, парвандаи ҷиноӣ боз накардааст.

Ба қавли ҳамсӯҳбати Азия плюс парвандаи ҷиноӣ дар иртибот бо изофанависии наздик ба дувуним миллион сомонӣ аснои сохтмони «Душанбе Плаза» боз шудааст ва масъулияти он бар дӯши раҳбарони ширкати «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» аст. Ин манбаъ ҳамчунон ёдовар шудааст, ки муассиси ин ширкат на Зайд Саидов, балки писари ӯ-Хайрулло Саидов мебошад.

Рӯзи якшанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Зайд Саидов хотирнишон карда буд, ки лоиҳаи мазкур 4 сол пеш ба истифода супурда шуд ва дар ин байн ҳар мушкиле, ки юой дошт ҳал шуд. Саидов афзуд:

Ин кор пурра ва дар сатҳи баланд иҷро шуд ва чӣ шаҳрдории Душанбе ва чӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам аз дидани ин бино хеле хушҳоливу қаноатмандӣ карда буданд. Яъне фармоишгар – шаҳрдорӣ- ҳеҷ гуна эрод нисбат ба паймонкор , яъне “Тоҷсохтмон Байналмилал”, дар бораи иҷрои ин корҳо надошт. Баъдан ин тарҳ ҳам аз сӯи мақомоти андоз ва ҳам аз сӯи Ожонси мубориза бо фасод мавриди санҷиш қарор гирифт. Ҳамон 1,9 миллионе ки дар борааш сӯҳбат мешавад, ягон камбудӣ набуд, акт шуда буд аз ҷониби Ожонсӣ ва ин пул пурра ва саривақт баргардонда шудааст. Коммисияи қабул қабул кард иншоотро, мудирияташ қабул кард ва ба наздикӣ 2 сол мешавад , ки ин иншоот фаъолият дорад. Дар ин иншоот ширкати мо на камтар аз 6 миллион доллар зарар дид, вале мо ба касе дод нагуфтем, ба касе шикоят набурдем. Ин зарарҳоҳам ба сабаби талоши мо барои ҳарчӣ зудтар анҷом додани ин сохтмон буд. Дар смета насби дастгоҳҳои муҳандисӣ бо маҳсулоти сохти Чин пешбинӣ шуда буд, вале мо бо хоҳиши шахсии раиси шаҳр, ки хост мо ин иншооти бузургу муҳимро бо дастгоҳҳои итолиёвӣ муҷаҳҳаз кунем, ин корро кардем ва хароҷоти мо ба ҳамин далел аз смета хеле зиёдтар шуд. Бо ин ҳама, ҳадаф аз дубора доман задани ин иттиҳом ба хотири тағйир додан ва бад кардани афкори ҷомиа нисбат ба ман аст.”
XS
SM
MD
LG