Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъули ҳамлаи Райҳонлӣ маълум нест


Туркия ва Сурия якдигарро масъули бомбгузории 11-уми май меноманд. Инфиҷорҳо дар шаҳри марзии Райҳонлии Туркия камаш 46 нафарро ба ҳалокат расонда, 100 каси дигарро маҷрӯҳ намудаанд.

Ҳукумати Туркия мегӯяд, гурӯҳҳои ҷангҷӯи тарафдор аз режими Башор ал-Асад ҳамларо роҳандрозӣ кардаанд. Аммо мақомоти Сурия ин айбномаро рад мекунанд. Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон мегӯяд, ҳукумати Сурия саъй дорад, масъулияти ҳамларо бар дӯши мухолифин бор кунад. Рӯзи душанбе дар Анкара Эрдуғон гуфт:

Мо дар оянда тамоми чораҳоро хоҳем андешид. Мо содалавҳ нестем. Агар зарур шавад, ҷавоб ҳам хоҳем дод. Мо аз чизе наметарсем. Ҳар кас бояд инро донад.”

Вазири иттилооти Сурия Умрон Зубӣ дар сӯҳбат бо телевизиони Русия ҳукумати Туркия ва сарвазир Эруғонро шахсан масъули ҳамла номидааст.

Русия ҳамлаи Райҳонлиро маҳкум намуда, аз тафтиши муфассали ин амал пуштибонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG