Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомиёни ҳуқуқ фоҷеаи Андиҷонро дар ёд доранд


Созмони дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Воч (Human Rights Watch) дар арафаи ҳаштумин солгарди ҳодисаи маъруф бо номи “куштори дастаҷамъӣ дар Андиҷон” иброз доштааст, ки Узбакистон ҳамоно бо “фоҷеаи башарӣ” рӯ ба рӯ мебошад.

Намояндагони созмони Ҳуман Райтс Воч дар шаҳри Вашингтон хотирнишон намудаанд, ки “то ҳол касеро ба хотири куштори мардум ба ҷавобгарӣ накашидаанд ва президенти худкомаи Узбакистон Ислом Каримов даваъҳои тафтиши мустақили ин фоҷеаро нодида гирифтааст”.

Ба қавли ҳомиёни ҳуқуқи башари Узбакистон 13-уми майи соли 2005-ум ҳангоми амалиёти нерӯҳои давлатии Узбакистон бар зидди эътирозгарон садҳо нафар кушта шуданд.

Эътирозгарон талаб доштанд, ки соҳибкорони марбут бо гурӯҳи исломии манъшудаи “Акромия” аз зиндон раҳо гарданд.
XS
SM
MD
LG