Пайвандҳои дастрасӣ

Навоз Шариф хостори барқарории фазои боварӣ бо Ҳиндустон шуд


Навоз Шариф

Навоз Шариф

Навоз Шариф-сиёсатмадори Покистон, ки қарор аст бори дигар ба курсии нахуствазирии ин кишвар биншинад, мегӯяд, ки мехоҳад фазои нобоварии миёни Покистону Ҳиндустонро аз миён бардорад.

Баъд аз ду рӯзи пирузии Ҳизби Муслим Лиг (Muslim League) дар интихоботи порламонӣ Навоз Шариф рӯзи душанбе дар Лоҳур ба рӯзноманигорон гуфт, “ки ҳаросҳои мавҷуда бояд аз миён бардошта шавад”.

Вай гуфт, ки бо Манмуҳон Сингҳ-нахуствазири Ҳиндустон дар ин бора сӯҳбат кардааст ва аз ду ҷониб бояд даъватномаҳо барои боздид таҳия шаванд.
XS
SM
MD
LG