Пайвандҳои дастрасӣ

Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мехоҳад бо кумаки мардум дар Интернет харитаи фасоди кишварро бисозад.

Ин харита тоза роҳандозӣ шудааст ва ҳанӯз нуқтаҳои доғу фасодзадаи кишвар дар он мушаххас нашудааст. вале созмондиҳандагонаш мӯътақиданд, ки бо гузашти андак вақт як манзараи умумии вазъи фасод дар Тоҷикистон дар инг харита мунъакис хоҳад шуд.

Созмони иҷтимоии «Ҷавонони асри нав» ба манзури кумаку мусоидат дар мубориза алайҳи фасод дар таъсиси сомонаҳои anticorruption.tj/zayavlenie ва anticorruption.tj/map ба Ожонси мубориза бо фасод ҳамдастӣ кардааст. Сомонаи аввал барои ирсоли арзу шикояти сокинон дар бораи ҷиноятҳои коррупсионист ва дуввумӣ сатҳи фасод дар ин ё он шаҳру ноҳия, ё ба истилоҳи “харитаи фасод”-и кишварро ба тасвир медарорад.

Ин созмон барои мубориза бо фасод гурӯҳҳои ихтиёриёнро аз ҷумлаи ҷавонон низ ташкил кардааст. Феълан гуфта мешавад, дар назди шӯъбаҳои кор бо ҷавонони 10 шаҳру ноҳия гурӯҳҳои ихтиёрӣ фаъолият мекунанд ва онҳо ба сокинон барои навиштани ариза тариқи интернет ба Ожонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод кумак мерасонанд.

Рустам Тоҳиров, раҳбари созмони «Ҷавонони асри нав» дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ роҷеъ ба ин барномаҳо чунин гуфт:


Рустам Тоҳиров: Сомонаҳо алакай роҳандозӣ шудаанд ва пас аз ин мо ходимони Ожонси зиддифасодро омӯзиш медиҳем. Танҳо дар ин сурат мешавад, роҷеъ ба кори сайт ва муассир будани шеваи нави мубориза алайҳи фасод ҳарф зад. Дар сомонаи anticorruption.tj/zayavlenie шумо метавонед, барои мисол, доир ба ҷиноятҳои характери коррупсионидошта тариқи интернет ариза диҳед. Ба ғайр аз ин агар шумо дигар далелу бурҳон дар шакли видеову аудио ва акс дошта бошед. ба аризаи худ изофа кунед. Ба ҷуз ин, аҳолӣ метавонад тариқи ин сайт дар хусуси ҷинояти содиршаванда кормандони ожонсро огоҳ намоянд. Чанде пеш қонуни нав дар бораи экспертизаи зиддифасод ба тасвиб расид. Тибқи ин қонун, коршиносону мутахассисон ҳолатҳои фасод дар ин ё он мавридро таҳлил мекунанд. Баъди баррасиву омӯзиши арзу шикоятҳо ва исбот шудани қонунвайронкунӣ дар сомонаи аввал, он аз рӯи минтақа дар сомонаи дуввум, ки харита аст, ҷойгир карда мешавад. Яъне агар чунин ҷиноятҳо дар Душанбе рух диҳад, дар харитаи Душанбе ҷой дода мешавад. Аз рӯйи ҳамин омори сатҳи ҷиноятҳои коррупсиониро дар ин ё он шаҳру ноҳияи кишвар муайян кардан мумкин аст. Сомонаи дуввум бештар барои ҳуқуқшиносону коршиносон, ки минбаъд вазъи коррупсионии Тоҷикистонро таҳқиқ мекунанд, пешбинӣ шудааст. Бояд гуфт, ки феълан чунин шеваи мубориза бо фасод дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дида намешавад.

Радиои Озодӣ: Оё мутахассисони Ожонси мубориза бо фасод нисбат ба аудио ва ё видеофайлҳои гирифташуда тавассути муштариён чораҷӯӣ хоҳанд кард?

Рустам Тоҳиров:
Чунон ки пай бурдед, шакли аризадиҳӣ дар ин сайт хеле муфассал аст. Онҷо бояд тамоми маълумотро дар бораи худ биорӣ. Баъзе одамон аз тарси он ки дар ҷойи кор барои ин амалашон ҷазо медиҳанд, ба фош кардани ин гуна амалҳои ҷиноӣ шояд ҷуръат накунанд. Дар асоси қонуни Тоҷикистон дар бораи муроҷиати шаҳрвандон арзу шикоятҳои анонимӣ, ҳарчанд ба назар гирифта мешаванд, аммо баррасӣ намегарданд. Ба ин далел, шаҳрвандонро мебояд, ки бо ирсоли ариза ному насабашонро нависанд, эмайли худро ишора намоянд, чунки ҷавоби мактуб ба эмайли онҳо меояд. Бояд рақами шиноснома, ҷойи истиқомат ҳатман навишта шавад. Агар ӯ нахоҳад, ки ному насабаш навишта шавад, дар аризааш бояд нависад, ки ӯ намехоҳад ному насабаш ба дигарон ифшо шавад. Ва албатта, Ожонси зиддифасод бояд ин назокатро риоя кунад.

Радиои Озодӣ: Шумо саҳми ҷавононро дар мубориза зидди фасод чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Рустам Тоҳиров:
Мо дар 10 шаҳру навоҳӣ давраҳои омӯзиширо ташкил кардем ва гурӯҳҳои ихтиёриро аз ҳисоби ҷавонони фаъол таъсис додем, то ин ки онҳо ба ҳамшаҳриҳои худ, аз ҷумла ба толибилмону донишҷӯён, барои тариқи интернет ба Ожонси мубориза зидди фасод арзи худро расонидан кумак намоянд. Ҳамчунин мо дар 34 мактаби оливу касбӣ бо донишҷӯён мулоқот барпо кардем, байни онҳо маъракаҳои иттилоотӣ гузаронидем. Ҳадаф аз ин ҳама омӯзондани тарзи истифода аз сайт ва шеваи муроҷиат ба он аст.

Радиои Озодӣ: Шаҳрҳое, ки феълан дар лоиҳа ҳастанд, аз рӯйи кадом меъёрҳо интихоб шудаанд?

Рустам Тоҳиров:
Он шаҳрҳое интихоб гардиданд, ки аҳолиашон зиёд аст ва дар даврони шӯравӣ онҷо тавлидот зиёд буд. Ва ҳам он шаҳрҳое, ки ҷавонон соҳиби ихтисосҳои миёнаи касбӣ ва олӣ мешаванд. Яъне аз Исфара сар карда, то ба Хоруғ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG