Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси пулиси Балуҷистон аз суиқасд ҷон ба саломат бурд


Баъд аз суиқасд ба ҷони генерал Муштоқ Сукҳера дар Кветта

Баъд аз суиқасд ба ҷони генерал Муштоқ Сукҳера дар Кветта

Мақомоти Покистон мегӯянд, ки дар аёлати Балуҷистон раиси пулис аз як бамгузории интиҳорӣ ҷон ба саломат бурдааст. Як мошини бамгузоришуда дар наздикии вай дар шаҳри Кветта-маркази аёлат таркидааст.

Бино ба хабари мақомот, дар ин бамгузории интиҳорӣ 6 нафар ба қатл расидаанд ва 60 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Генерал Муштоқ Сукҳерапой аз остонаи хонааш дарун гузошт ва дар ҳамин вақт садои таркиш баланд шуд. Вай осеб надидааст.

Аз шаш 6 нафари кушташуда 2 нафар кормандони пулис, се сарбози ниманизомӣ ва як раҳгузар будаанд. Ин таркиш аз худ чоҳи амиқе боқӣ гузоштааст ва садои он дар саросари шаҳр шуниду шудааст.
XS
SM
MD
LG