Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Александр Лукашенко аз Арманистон давом дорад


Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Беларус машғули боздид аз Ереван-пойтахти Арманистон аст. Вай дар ин боздид бо Серж Саркисён-раиси ҷумҳури Арманистон мулоқот ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро баррасӣ кард.

Дар поёни мулоқоти худ ин ду раҳбар эъломияи муштарак мунташир карданд. Қарор аст рӯзи сешанбе Лукашенко аз ниругоҳи ҳастаии Арманистон боздид кунад ва дар маросими гушоиши Маркази тиҷоратии Арманистон-Беларус ширкат ҷӯяд.
XS
SM
MD
LG