Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эъломияи Дидбони Ҳуқуқи Башар роҷеъ ба рӯйдодҳои Андиҷон


Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, пас аз 8 соли рӯйдодҳои Андиҷон, ки бо номи “ҳодисаҳои хунини Андиҷон” шӯҳрат дорад, дар Узбакистон вазъи ҳуқуқи башар “ҳамчунон ногувор боқӣ мондааст”.

Дар эъломияе, ки дар робита бо солгарди ин ҳодиса ба нашр расидааст, ин созмони ҳуқуқи башар марказаш дар Нию Йорк гуфтааст, ки “касе барои ин ҳодисаҳо ба масъулият кашонда нашуд ва Ислом Каримов-раиси ҷумҳури худкома дархостҳоро дар бораи анҷоми расидагии мустақилона ба ин рӯйдодҳо рад кард”.

13 маи соли 2005 нируҳои амниятии Узбакистон дар Андиҷон ба сӯи тазоҳуроти мардум оташ кушоданд ва эътибори Узбакистон дар бахши ҳуқуқи башар ба унвони кишвари нақзкунандаи ҳуқуқ дар ҷаҳон ба поинтарин нуқта расид.

Он вақт тазоҳуркунандагон тақозо мекарданд, ки соҳибкореро аз зиндон раҳо кунанд. Ин соҳибкорро барои фаъолиятҳои тундгароёна дар гурӯҳи “Акрамия” муттаҳам мекарданд.
XS
SM
MD
LG