Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Гурҷистон муовини вазири дохила боздошт шуд


Гела Хведелидзе-муовини вазири корҳои дохилаи Гурҷистон барои фитна бар зидди як рӯзноманигор боздошт шуд. Ираклӣ Гарибашвилӣ-вазири корҳои дохила рӯзи якшанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки муовини вай дар интернет навореро ба намоиш гузоштааст, ки дар он рӯзноманигори шинохта машғули робитаи ҷинсист.

Гарибашвилӣ гуфт, ки ин навор ба таври ғайриқонунӣ дар давраи ҳукумати пешин аз тарафи Раёсати Амнияти Қонуни Асосӣ бардошта шудааст. Вале вай аз рӯзноманигорон барои чунин “гуноҳ”-и муовинаш узр хостааст.

Бо вуҷуди ин Андро Барнов-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Гурҷистон рӯзи якшанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки ҳукмати пешин бо ин нвори видеоӣ натавонистааст коре кунад. Барнов ҳамзамон хостааст, ки ба парвандаи муовини вазир расидагии одилона сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG