Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навоз Шариф ба ташкили ҳукумати нави худ оғоз кард


Навоз Шариф-нахуствазири пешини Покистон ва раҳбари Ҳизби Муслим Лиг (Muslim League) баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи порламонӣ ба ташкили кобина шуруъ кардааст. Натиҷаҳои интихобот нишон медиҳад, ки дар поламони дорои 342 курсӣ ҳизби вай соҳиби аксарият хоҳад буд.

Таҳлигарон мегӯянд, ки агар Навоз Шариф аксариятро дар порламон ба даст наорад, дар он сурат вай бо намояндагони мустақили порламон эътилоф ташкил хоҳад дод.
Интизор меравад, ки Навоз Шариф бори севвум ба курсии нахуствазирӣ биншинад. Вай соли 1999 дар табаддулоти низомӣ аз мақом барканор ва муддатеро дар зиндон сипарӣ кард.

Президент Барак Обама гуфт, ки Амрико ҳозир аст бо ҳукумати нави Покистон чун “тарафи баробар” ҳамкорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG