Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои Нигаҳбон Маҳмуд Аҳмадинежодро муттаҳам кард


Аббос Алӣ Кадхудоӣ

Аббос Алӣ Кадхудоӣ

Шӯрои Нигаҳбони Эрон, ки бар иҷрои Қонуни Асосӣ назорат мекунад гуфта, ки мумкин аст бар зидди Маҳмуд Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури ин кишвар барои нақзи Қонуни Асосӣ айбнома пешниҳод кунад.

Маҳмуди Аҳмадинежод, ки ҳақ надорад дигар худро барои интихоботи раёсати ҷумҳурии 14 июн номзад пешбарӣ кунад, рӯзи шанбе як ҷо бо Исфандиёр Раҳим Мошоӣ-раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурӣ ба дафтари сабти номи номзадҳо ҳозир шудааст.

Аббос Алӣ Кадхудоӣ-сухангӯи Шӯрои Нигаҳбон ба телевизиони давлатӣ гуфтааст, ки Аҳмадинежод бо ин кори худ муқаррароти иҷтимоиро риоят накардааст. Кадхудоӣ гуфт, чунин шикоят бар зидди раиси ҷумҳур ба ниҳодҳои қаззоӣ фиристода мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG