Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия ва Сурия дар ҳамлаи Райҳонлӣ якдигарро муттаҳам карданд


Рейҳонлӣ, маҳали бамгузорӣ

Рейҳонлӣ, маҳали бамгузорӣ

Туркия ва Сурия дар бамгузории ду мошин дар шаҳраке бо номи Райҳонлӣ дар қаламрави Туркия якдигарро муттаҳам кардаанд. Ин шаҳрак дар наздикии марз бо Сурия қарор дорад ва дар ин ду бамгузорӣ 46 нафар кушта шудаанд.

Мақомоти расмии Туркия мегӯянд, ки 9 нафар шаҳрвандони Туркияро дар робита бо ин бамгузорӣ боздошт кардаанд ва гуфтаанд, ки онҳо бо нируҳои кашфи Туркия иртибот доштаанд.

Туркия мегӯяд, гумонбарон эътироф кардаанд, ки дар бамгузорӣ даст доранд. Аммо режими Сурия даст доштан дар ин бомбгузориҳоро рад кардааст ва аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон-нахуствазири Туркия хостааст, ки аз мақомаш истеъфо диҳад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон зимни суханонаш дар Истамбул аз ҷавоб ба ин амал ба Сурия ҳушдор дод, вале таъкид кард, ки Туркия ба ҷанги Сурия кашонда нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG