Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуҷанд. Баҳси ҷилавгирӣ аз нобудии набототу ҳайвоноти нодир


Намое аз нишасти байналмилалии экологӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.
Намое аз нишасти байналмилалии экологӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.

Донишмандони тоҷик аз он ҳушдор медиҳанд, ки ба 193 ҳайвону растанӣ, хатари нобудӣ таҳдид мекунад.

Ин аст, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз хатари нобудии олами набототу ҳайвонот, рӯзи душанбеи 13-уми май дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конфаронси байналмилалии экологӣ бо ширкати 140 донишманд аз Тоҷикистону Русия. Афғонистон, Қирғизистону Узбакистон оғоз ба кор кард.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00
Линки мустақим



Толиб Ҳобилов, мудири Пажуҳишгоҳи илмҳои табиатшиносӣ дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд баррасии ин мавзӯъро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ муҳим хонд ва гуфт, “ба унвони мисол, ирбис ё барси барфӣ, лаклаки сафед ё ҳайвоноти муқаррарие, мисли қурбоғғаи кӯҳӣ ва ғуки сабз, ки 30 - 40 сол пеш зиёд ба чашм мерасиданд ё аз рустаниҳои машҳур, лолаи Кӯҳи Мевағул, ки бо калонии худ дар ҷаҳон бесобиқа аст, ҳоло хеле кам шудаанд. Агар имрӯз мо чораҳое барои ҳифзи онҳо рӯи даст нагирем, фардо фарзандони мо аз дидани онҳо бенасиб мемонанд.”

Ба ин тартиб интизор меравад, табиатшиносони минтақа ва ҷаҳон муддати се рӯзи оянда муҳимтарин масоили ҳифзи олами ҳайвонот, рустанӣ ва табиати Тоҷикистон ва Осиёи Миёнаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор диҳанд.

Мария Орлова
Мария Орлова
Ба ин хотир дар ҷараёни баргузории конфаронс 170 маърӯзаи илмӣ ироа хоҳад шуд ва дар 4 гуруҳи марбут ба масоили ҳифзи олами ҳайвонот, наботот, табиат ва маърифати экологӣ, гуногунии зироатҳои ғизоӣ гуфтугӯҳо сурат мегирад.

Мария Орлова, корманди Пажуҳишгоҳи экология, рустанӣ ва ҳайвоноти Академияи улумии Русия дар шаҳри Екатеринбург ва аз иштирокдорони конфаронс дар мавзуи ҳифзи кӯршапаракҳо дар Русияву Тоҷикистон маърӯза хоҳад кард. Вай дар суҳбат бо Озодӣ дар бораи аҳамияти мавзӯи худ гуфт:
“Чунки кӯршапаракҳо, ки ба гурӯҳи дастболҳо шомиланд, аз он нигоҳ ҷондорони аҷибанд, ки умри дароз, ҳудуди 20 сол ва навъе аз онҳо ҳудуди 30 сол умр мебинанд. Ва тахмин меравад, дарозумрии онҳо бастагӣ ба хоби зимистониашон дар ғорҳо дорад. Ҳамчунин онҳо рӯзро низ дар интизори торикӣ ба хоб мегузаронанд. Аз ин нигоҳ, омӯзиши тарзи зисти ин ҷонвар барои бисёр илмҳо, аз ҷумла илмҳои марбут ба сиҳативу дарозумрии инсон, муҳим аст. Вале то ҳол бисёр паҳлӯҳои зисти кӯршапаракҳо омӯхта нашудааст.”

Абдул Қуддус, устоди бахши биологияи Донишгоҳи таълим ва тарбияи Кобул дар конфаронси Хуҷанд бо маърузаи илмӣ дар барои калтакалосҳои водии Ҳисор ва муқоисаи онҳо бо ҳамҷинсонашон дар Афғонистон ширкат мекунад.
Абдул Қуддус, донишманди афғон
Абдул Қуддус, донишманди афғон
ай мегӯяд, тағйири муҳит макони будубошро ба ин ҷонварон танг карда, боис ба коҳиши онҳо мегардад: “Бояд масъулони бахши ҳифзи олами зоологӣ саъй ва кӯшиш ба харҷ диҳанд, то барои ин ҷонварон ҷойҳои амн ва созгор фароҳам кунад ва ҳамин тавр, аз байн рафтани онҳоро ҷилавгирӣ кунад.”

Чунки ба ақидаи ин донишманди афғон, нобуд шудани як ҷонвар ба қонуни тавозун дар табиат беасар намонда, паёмадҳои нохушоянде барои табиат ва инсон дар пай хоҳад дошт.

Ин ҳам дар ҳоле, ки донишмандони биолог ва табиатшиноси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соли 2012 рисолаеро таҳти унвони “Намудҳои нодири рустаниҳо ва ҳайвоноти вилояти Суғд” омода ва ба нашр расонданд, ки дар ин маҷмӯъа 193 ҳайвонот ва рустании нодири минтақа, ки ба онҳо дар асри 21 хавфи аз байн рафтан таҳдид мекунад, бо аксҳову маълумотҳо муаррифӣ шудаанд ва заминаҳоеро барои таҳқиқоти минбаъда фароҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG