Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби Зоиров ба номи қаблиаш баргашт ва ба интихобот меравад


Ҳизби таҳти раҳбарии Раҳматуллоҳ Зоиров ба номи пешинааш баргашт ва эълон намуд, ки зери унвони «Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон» дар интихоботи президентӣ ширкат хоҳад кард.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон бо пахши як баёния дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, рӯзи 13-уми май аз ширкати ҳизб дар интихоботи президентии соли 2013 хабар додаст.

Дар ин баёния аз васоити ахбори умум тақозо шудааст, ки минбаъд ин ҳизб ҳамчун «Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон» муаррафӣ ва зикр шавад. Дар идомаи баёния омадааст, ки «ҳизб дар маъракаи интихоботи президентии Тоҷикистон дар соли 2013, расман ҳамчун Ҳизби соссиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) иштирок менамояд.

Дар мавриди сабаби аслии ба номи пешинаи ҳизб баргаштани сотсиал- демкоратҳо зикр шудаст, ки тибқи номаи вазорати адлия, ки рӯзи 8-уми майи соли равон дастрас шудааст, ҳизби мазкур дар санадҳои вазорати адлияи кишвар, ба таври расмӣ бо номи "Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон" сабти ном аст.

Ҳарчанд дар таърихи 4-уми декабри соли 2011 дар Анҷумани ХII-уми Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) ба Оинномаи ҳизб тағйироту иловаҳо ворид карда, аз ҷумла ба номи ҳизб калимаи «умумимиллӣ» илова гашта буд.

Шӯрои сиёсиии ҳизб эътироф дорад, ки номаи Вазорати адлия аз 11-уи апрел соли равон қонунӣ буда то замони баррасӣ ва тасдиқ гардидани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи ҲСДТ дар Анҷумани ғайринавбатии ҳизб дар моҳи сентябри соли 2013, номи ҳизб расман ҳамчун Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) амал менамояд.

Дар номаи Вазорати адлия зикр шудааст, ки Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон аз 20-уми декабри соли 2002 ба ин тараф ҳамчун «Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон расман сабти ном гашта ва минбаъд низ бо ин ном шинохта шудааст.

Ҳизби сотсиал -демократи Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳашт ҳизбии расмӣ дар кишвар буда ва аз замони таъсиси он то кунун дар раъси он Раҳматулло Зоиров қарор дорад.
XS
SM
MD
LG