Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавоне ки як рӯз ҳам ба мактаб нарафтааст


Саъдулло Саидвалиев

Саъдулло Саидвалиев

Дубора кӯч бастан ба зодгоҳи падарӣ боис шуд, ки Саъдулло Саидвалиев, як ҷавони сокини ноҳияи Ховалинг комилан пушти мизи мактабро набинад.

Гузаштагони ин ҷавон дар замони Шӯравӣ аз деҳаи Сурхдараи Ховалинг ба ноҳияи Ҳамадонӣ муҳоҷир шудаанд, аммо замони бозсозии маъруф бо номи горбачёвӣ дар соли 1987 онҳо барои обод кардани деҳи падарӣ дубора ба Ховалинг баргаштанд. Аммо набудани мактаб ва зиндагии мавсимӣ дар ин деҳа боис шуд, ки Саъдулло ва даҳҳо ҳамсоли ӯ аз таҳсил дур бимонанд.

Саъдулло, ки 31 сол дорад, дар 17 солагӣ оиладор шудааст ва ҳоло соҳиби 4 фарзанд аст. Пас аз 15 соли зист дар заминҳои падарӣ сокинони ин мавзеъ дубора хонаҳои худро тарк карда, ба мавзеъҳои қаблан муҳоҷиршуда баргаштанд. Саъдулло ҳам ҳамроҳ бо хонаводааш ба ноҳияи Ҳамадонӣ кӯчид, вале натавонист дигар он ҷо бимонад. Хонаводаашро дар Ҳамадонӣ гузошт ва худаш дубора ба Ховалинг баргашт.

Ӯ мегӯяд: «Ман мактаб нахонда будам, дигар дар таҳдашт ҳеҷ кор карда наметавонистам. Омадам, ҳамин ҷо хоҷагии деҳқонӣ ташкил кардам. Оилаамро наовардам. Гуфтам, ки бигзор фарзандонам хонанд ва мисли мо бесавод нашаванд. Ҳозир ду духтарчаам мехонад.»

Ин ҷавон бо хатти сирилик ошно нест ва китоб ҳам хонда наметавонад, аммо мегӯяд, ҳисобу китобро хуб сарфаҳм рафта, зиндагии худу хонаводаашро аз ҳисоби чорводорӣ таъмин мекунад.

«Ба ҷуз хирс меҳмоне надорем»

Деҳаи Сурхдара дар қатори даҳҳо деҳоти атроф дар поёни солҳои 80 дубора обод шуд ва беш аз 20 сокини муҳоҷиршудааш баргаштанд. Ҳоло дубора ин деҳа вайрон шудааст ва танҳо ҷавононе, ки қаблан аз таҳсил дур монда буданд, ин ҷо аз баҳор то тирамоҳ барои нигоҳубини чорво ва мевағундорӣ зиндагӣ мекунанд.


Зайналобиддин Салимов

Зайналобиддин Салимов

Зайналобиддин Салимов, ҷавони дигаре, ки ин ҷо дар як хонаи 20 сол пеш бунёдшуда танҳо зиндагӣ мекунад, мегӯяд, гоҳҳо ин мавзеъ комилан беодам аст ва ба ҷуз хирс дигар меҳмоне надоранд. Аммо Зайналобиддин ба ин зиндагии танҳо, ки ҳар сол то 8 моҳ давом мекунад, одат кардааст: «Обу ҳавои тозааш барои ман хеле маъқул аст. Ҳама ҷиҳат барои ман маъқул аст. Ба танҳоӣ ин ҷо одат кардаам, ҳамсояҳо ҳастанду ҳар кадом дур-дур зиндагӣ мекунад. Умуман наметарсам. Хирсу дигар ҳайвонҳо ҳастанд, вале ба одам кор надоранд.»

Беш аз сад ҷавони таҳсилнодида

Сулаймон Юсупов
, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ховалинг мегӯяд, воқеан, фарзандони аксари оилаҳои дубора муҳоҷиршуда, ки шумораашон бештар аз сад нафарро ташкил медиҳад, бесавод мондаанд. Ӯ мегӯяд, дар деҳоте, ки онҳо зиндагӣ мекарданд, хонаводаҳои кам ба сар мебурд, ки аз лиҳози нарасидани омӯзгор имкони боз кардани мактаб набуд.


Як сокини ҷавони кӯҳистони Ховалинг

Як сокини ҷавони кӯҳистони Ховалинг

Аз сӯи дигар, гоҳ дар таҳдашт будан ва гоҳ ба кӯҳистон омадан назорати таҳсили фарзандони онҳоро душвор мекард. Ҳоло ба гуфтаи Юсупов, дигар дар ин мавзеъ наврасони аз таҳсил дур нестанд ва танҳо онҳое ба сар мебаранд, ки синни мактабиашон гузаштааст.

Аммо сабаби дубора обод нашудани ин мавзеъро сокинон дар роҳи нақлиётгард надоштанаш мебинанд.

Сайнуриддин Тоҷиддинов, корманди хоҷагии ҷангал дар ноҳияи Ховалинг мегӯяд, дар ин мавзеъ беш аз сад деҳа буд, ки мардумаш дар замони Шӯравӣ ба таҳдашт барои пахтакорӣ муҳоҷир шуданд. Ӯ мегӯяд, пас аз 50-60 сол фарзандони онҳое, ки падаронашон зӯран аз кӯҳистон ба водиҳо муҳоҷир шуда буданд, зери шиори обод кардани деҳоти падарӣ дубора омаданд, вале ба шароити сангини кӯҳистон тоб наоварданд: «Онҳо бо насиҳати падаронашон, ки рафта, зодгоҳамонро обод кунед, омада буданд. Баъзеаш даҳ сол, баъзеи дигараш 15 сол зиндагӣ карданд, вале боз ба таҳдашт баргаштанд. Ҳоло фақат фарзандонашон, ки ҳамин ҷо зиста буданд, меоянд ва танҳо аз баҳор то тирамоҳ истода, ҳосилро ғундошта, боз пас мегарданд. Фақат ин ҷо хоҷагии деҳқонӣ ва боғ доранд, дигар зиндагии доимӣ надоранд.»

Ин мавзеъ, ки аз маркази ноҳияи Ховалинг 50-60 километр дур аст, то солҳои 20-уми асри гузашта аз маконҳои обод будааст. Бо ин сабаб ҷанги артиши сурх бо Анварпошо ва Давлатманд, ду ҷангандаи маъруфи мухолифи ҳукумати шӯравӣ дар ин мавзеъ сурат гирифтааст. Ҳоло бо гузашти беш аз як аср соҳиби ин мавзеъ, ки садҳо ҳектор боғу ҷангалро дар бар мегирад, ҷавононеанд, ки аксаран таҳсил надидаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG