Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Шариф ба ташкили ҳукумати Покистон


Навоз Шариф, нахуствазири собиқи Покистон, ба думболи пирӯзӣ дар интихоботи порлумонӣ худро барои ташкили ҳукумати нави ин кишвар омода мекунад. Бино ба омори ғайрирасмӣ ва пешбиниҳо, Ҳизби Робитаи Мусулмонон ба раҳбарии Навоз Шариф аксарияти курсиҳои порлумонро ба даст меорад. Гуфта мешавад, ки аз ҳисоби 272 мақоми вакилӣ бо раъйдиҳии мустақим интихоб мешаванд, 130 вакил аз ҳизби Навоз Шариф баранда шудаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, дар интихоботи рӯзи шанбе аз ҳисоби 86 миллион нафар аз мардуми соҳиби ҳаққи раъй 60 дар сади онҳо ширкат карданд, ҳарчанд Толибон таҳдид карда буданд, ки бо ҳамлаву бомбгузорӣ раъйдиҳиро ба ҳам мезананд. Интихоботи порлумонӣ аз он ҷиҳат барои Покистон таърихӣ буд, ки бори аввал як ҳукумати ғайринизомӣ давраи комили худро ба поён расонд ва мардум аз роҳи маданӣ ҳукумати навро интихоб карданд.
XS
SM
MD
LG